Formula novemver 2024
ТАРКИШ ДАР БИНОИ МАСҶИД
1468

Дар вилояти Ғазнаи Афғонистон дар рафти маросими “Қуръонхонӣ” инфиҷор ба амал омад, ки дар натиҷа 15 нафар ба ҳалокат расид.

“Дар вилояти шарқии Афғонистон Ғазна ба вақти маҳаллӣ тақрибан соатҳои дуи рӯз дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ инифиҷор рух дод. Маводи тарканда дар мотосикл насб шуда будааст. Дар байни қурбониён 12 нафари онҳоро кӯдак ташкил додааст”,-хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Афғонистон.

Инчунин, ғайр ҷонбохтагон, 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳанӯз ягон гурӯҳ ҷавобгарии ин ҳодисаро ба ӯҳда нагирифтааст, аммо бархе аз пулисҳои афғон арз доранд, ки дар таркиш ҳаракати мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон “Толибон” даст доранд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ташкилкунандагони инфиҷорро маҳкум намуда, шарҳ дод, ки “Толибон бояд ба ҳамла хотима бахшанд ва ба созиши оштӣ имзо гузоранд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД