Дар шаҳри Душанбе болотар аз коргоҳи маъруф ба “Текстил” танке ҷойгир аст, ки ҳамчун рамзи ғалабаи Шӯравӣ бар фашизм гузошта шудааст ва аз ин рӯ, ин макон ҳам миёни сокинону меҳмонони пойтахт бо номи “Танка” маъруф аст.
Иттилое расид, ки ин ҷо пули чандошёна ё ба истилоҳ эстакада бунёд шуда, танка ба ҷойи дигар мекӯчад. Аммо, ба куҷо?
Масъулини Раёсати меъморӣ ва сохтмони Душанбе зимни суҳбат ба расонаҳо гуфтаанд, дар ҷойи муҷассама роҳи дутабақаи мошинрав сохта шуда, пешниҳод шудааст, ки танкро ба “Боғи Ғалаба” баранд.
“Вале то ҳол қарори ниҳоӣ набаромадааст. Дар идомаи бозсозӣ ҳамаи биноҳои чорошёнаи атрофи муҷассама низ хароб хоҳанд шуд,” – гуфтааст ин масъули шаҳрдорӣ.