arzon replenishment
Тандурурстӣ ба муқобили «COVID - 19»
2149

 

Боиси тазаккур аст, ки паҳншавии бемории имрӯза бори дигар собит намуд, ки бидуни тандурурстӣ - тамоми дунё барои инсоният ҳеҷ аст. Имрӯзҳо ҷомеаи башарӣ ба муқобили душмани ба чашм ноаёни хеш бо шаклу усулҳои гуногун (бо тавсияи мутахассисон, табибон ва ё худсарона бо ҳар роҳу усул) мубориза мебаранд.

Суръати паҳншавии бемории мазкур ва иттилооту хабарҳо, инчунин ҳангомаҳои мухталиф оид ба он дар шакли рақамҳо, наворҳо, суратҳо, мақолаҳо, рӯзномаҳо ва ғайра ба тағйир ёфтани эҳсосот ва ҳолати равонии одамон оварда расонидааст. Қисми зиёди иттилооти мазкур дорро ҳангомаҳои гуногун буда, башариятро на бу сӯи солимӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ, балки ба тарсу ваҳм оварда расонидааст. Зеро суръати паҳншавии бемории мазкур нисбат ба дигар бемориҳои сироятӣ каме тезтар буда, бинобар бемории нав будан аз нигоҳи илми тиб кам омӯхта шудааст.

Дар шароити имрӯза бисёри одамон ҷиҳати ҳалли мушкилоти тандурурстии хеш ба иттилооту хабарҳои илмӣ асосноккардашуда эҳтиёҷ доранд. Мутаассифона, бинобар омода набудани низоми байнламилалии тандурурстӣ ба ин шакли нави бемории сироятӣ, нарасидани мутахассисон ва табибони сироятшиносу соҳавӣ ва дигар омилҳои сарбастаи вобаста ба он, бисёри одамон рӯ ба хабарҳои беасоси сомонаҳои мухталифи интернетӣ овардаанд.

Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди чунин хабарҳо асоси илмӣ надошта, одамонро ба роҳҳои нодурсти муолиҷа ва пешгирӣ аз бемории мазкур оварда расонидааст. Чунки инсон дар ҳолати тарсу ваҳм, ҳолати равонии худро гум карда, аз доираи идораи ақлу зеҳнаш берун баромада, ҳар роҳеро зарур шуморад барои ҳимояи худ истифода мебарад. Ҳамчунин тарсу ваҳми сирояти мазкур ва маълумоти оморӣ доир ба шумораи гирифторону фавтидагон аз он ба ҳолати нооромии асабҳо, маъюсиву афтодарӯҳии одамон оварда расонидааст.

Як нуктаро бояд муҳим қайд кард, ки дар ин шабу рӯзҳое, ки қисми зиёди ҷомеаи башарӣ дар мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур қарор доранд, ҳастанд гурӯрҳҳое, ки мехоҳанд аз ин ҳолат бо роҳҳои гуногун танҳо барои манфиятҳои ғаразнокӣ хеш, фоидаи калон ба даст оваранд. Ин гуррӯҳои ғаразнок барномаҳои ташфиқотиву тарғиботии худро бо дарназардошти ҳолати руҳиву равонии имрӯзаи (дар ҳолати тарсу ваҳм қарор доштани инсонҳо) инсонҳо омода карда, онҳоро барои харидории доруҳои гуногун, намудҳои нави муолиҷа, дармон ёфтан аз чизе, инчунин барои ташкили низоҳои сиёсӣ ва гифтани манфиатҳои иқтисодӣ даъват менамоянд. Инсонҳо низ баҳри қафо намондан аз дигарон ва гурехтан аз беморӣ барои иҷрои ҳар амале, ки асос дора два ё на талошу кушиш мекунанд. Вале бояд қайд кард, ки миллати тоҷик дар тули таърихи башарият аз якчанд имтиҳонҳои мушкил гузаштаас ва ин имтиҳонро низ мегузаронад.

Аз ин рӯ, дар доираи мақолаи мазкур роҳҳои пешгирӣ, мубориза ва муолиҷа бо бемории номбурдаро дар шаклу усулҳои мухталиф аз нигоҳи назарияи олимону мутахассисони соҳавӣ, инчунин илмҳои гуногун, аз ҷумла тандурурстӣ дида мебароем.

Ташаккул ва мустаҳкам намудани рӯҳу равон (эҳсосоти солим). Ниёгони гузаштаи миллати тоҷик, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино ва дигарон назар ба он доранд, ки тани солим ба рӯҳу равони солим алоқамандии зич дорад. Тавозун байни ин ҳарду солимии эҳсосотӣ мебошад. Пас дар ин давра, инсонҳо бояд бо иродаи матин ва сабру таҳаммулпазирӣ аз эҳсосоти нохуб (тарс, ваҳм, ғаму андуҳ, ноумедӣ, ғазаб ва ғарйр) даст кашида, ба мустаҳкам кардани эҳсосоти хуб (машқҳои ҳаррӯзаи ҷисмонӣ, истеъмоли хӯроки солим, нигоҳдории арзишҳои устувори зиндагӣ ва ғайра) машғул шаванд.

Боиси зикр аст, ки дар сураи Аср (замон) бо қасам таъкид шудааст, ки инсон дар зиён аст, ба ҷуз касоне, ки имон оварда, корҳои нек анҷом медиҳанд ва якдигарро ба дини ҳақ ва сабру шикебоӣ васияту даъват мекунанд. Ҳадаф аз сураи мазкур ислоҳи андеша буда, ба биниш ва ботини инсон пардохтааст, зеро вақте биниши инсон ислоҳ шавад, рафтораш низ ислоҳ мешавад. Худованд дар ин сура ба замон, ки фарогирандаи таърихи миллатҳои гуногун ва фарозу нишеби саргузашти қавмҳои мухталиф ва тамаддунҳои башарӣ мебошад, савганд ёд намудааст, ки наслҳои башар вақте аз имон ва амали солеҳ бебаҳра бошанд, ҳам худ ва ҳам ҷомеаи башариро дар умум дучори зиён ва осебпазириҳои гуногуне менамоянд.

Қуръони Карим дар ин сура ба чаҳор асли куллӣ амр намуда, ки ду асли он - имон ва амали солеҳ ҷанбаи фардӣ дошта, аз назари равоншиносии динӣ таҳдоби шахсияти инсониро ба вуҷуд меоваранд ва ду асли дигар - тавсия ба ҳақ ва тавсия ба сабр бинобар ҳақоиқи ҷомеашиносӣ ҷавҳари маърифати иҷтимоӣ ва рӯҳи куллиёти зиндагиро дар ҷомеа ташкил медиҳанд. Амнияти рӯҳӣ ва рушди маънавии миллат фароянди табиии татбиқи ин усули чаҳоргона дар ҳаёт ҳастанд.[1]

Нури офтоб ва нафъи он ба муқобили бемориҳои сирояткунанда. Мутобиқи ақидаи мутахассисони соҳаи тандурурстӣ нури офтоб барои саломатии инсон нафъи калон дошта, истифодаи оқилонаи он мутобиқи меъёрҳо ба пӯсти бадан ранги солим бахшида, онро мулоиму нарм мекунад. Инчунин пӯсти офтобхӯрда ба ҳаргуна касалиҳои сирояткунанда тобовар мебошад. Зеро нур ва гармии офотоб микробҳоро нест мекунад. Ҳамчунин таъсири нури офотоб ба пӯст барои дар организми инсон пайдо шудани витамини Д мусоидат менамояд.

Дар навбати худ бидуни риояи меъёрҳои муқарраргардида, нури офотоб ба пӯст ва саломатии инсон хавф дорад. Бинобар ин, нури офтоб мутобиқи меъёрҳои дахлдор истифода карда шавад. Бояд ҳар як инсон дараҷаи эътидоли худро зери нури офотоб донад, чуники риояи ин ҳад ҳатмӣ буда, пӯстро аз сӯхтан эмин нигоҳ медорад. Мутобиқи тавсияи мутахассисон одамони сафедпӯст ва зардинапӯст метавонанд худро дар оғози рӯз то 5 дақиқа, инчунин одамони гандумранг то 15 дақиқа дар зери нӯри офот нигоҳ доранд. Барои ҳади аксар то 20 – 30 дақиқа дар зери нури офтоб будан кофӣ аст. Тавре ба ҳамагон маълум аст офтоб аз пайдоиши оламу одам сарчашмаи нерумандӣ ва ҳастӣ ба шумор меравад. Шахсиятҳои рӯзгордида ҳар саҳаргоҳон то ҳадди имкон ба хонаҳояшон нури офтобро роҳ медиҳанд. Аз ниёгони тоҷикон тавсия аст, ки барои нест кардани микробҳо кӯрпа, кӯрпача, болишт, қолин, рӯйҷой ва ғайра бояд зери нӯри офото то андозаи муайяне нигоҳ дошта шаванд.

Ҳавои тоза ва нерӯбахшии он ба организми одам. Ҳавои тоза метавонад дар як давраи муайян тану рӯҳӣ инсонро ором намуда, нерӯи талфшудаи ӯро барқарор намояд. Аслан ҳавои тоза дар вақти сапедадам, дар назди шаршараҳо, баъди борон, дар баъзе боғҳо, ҷангалҳо ва соҳилҳои дарёҳо мешвад. Тибқи назарияи мутахассисон ҳавое, ки дар таркибаш ионҳои манфӣ зиёд аст, ба тану рӯҳӣ инсон таъсири хушҳолкукнада мебахшад. Тавре ба ҳамгон маълум аст тани одамӣ барои зиндагӣ ба кислородҳо ниёз дорад. Ҳар одаме, ки организмаш аз ҳавои тоза таъмин аст, танаш ҳамеша солиму фаъол мебошад. Биноабр ин, ҳар инсон бояд бо дарназардошти имконият аз ҳавои тоза истифода намояд, дар давоми рӯз бо риояи фосилаи муайяни вақт тез-тез нафас кашад (ба васеъшавии масоҳати шуш мусоидат мекунад), машқҳои ҳаррӯзаи ҷисмониро иҷро, ҳафои хона ва ё утоқи кории худро зуд-зуд тоза, аз манзараҳои зебо ва гулгаштҳо назар намояд. Вақтҳои муносибро барои гаштугузор дар миёни сабзаҳо ва боғҳо ҷудо намояд.

Риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ. Боиси тазаккур аст, ки шустани дасту рӯ, гӯшу бинӣ яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон буда, дар як шабу рӯз то панҷ маротиба амалӣ карда мешванд. Риояи қатъии ин суннати миллӣ дар шароити имрӯза бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ шарти муҳимми ҳифзи саломатӣ буда, мутобиқи таълимоти исломӣ яке аз фазилатҳои муҳимтарини ахлоқии ҳар як шахси мусулмон низ мебошад.

Муолиҷа бо усулҳои тиббӣ. Аз рӯи мушоиҳадаҳо бемории мазкур пеш аз ҳама хусуситяи тиббӣ дорад, зеро ба гурӯҳи бемориҳои сирояткунада дохил шуда, тавассути усулҳои анъанавӣ табобат кардани беморони гирфторӣ он ва истеъмоли доруҳо бе мувофиқа ва тавсияи табибон хатар дорад. Бо дарназардошти ин, дар сурати пайдо шудани нишонаҳои он, шахс бидуни тарсу ваҳм бояд ба табибон муроҷиат намуда, доруҳоро танҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида мутобиқи нишондодҳои онҳо истеъмол намояд.

[1]https://tg.wikipedia.org

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД