Амирҷон ном дорам. То як сол пештар дар ширкати тиҷоратие кор мекардам. Аз ҷойи кор ихтисор карданду бекор мондам. Ҳамсарам дар хонаи як сарватманд ба ҳайси хидматгор кор мекунад. Айни замон зиндагиамонро занам пеш мебарад.
Гоҳ-гоҳ ба бозори мардикорон рафта, ягон кор меёбам, аммо қариб шаш моҳ аст, ки ҳамсарам хурдагиамро заҳр мегардонад. Ҳар лаҳза таънакунон мегӯяд, ки “ту чӣ хел мард ҳастӣ, ки хӯрондаву пушонда наметавонӣ, аз ҳисоби ман мехӯрӣ!” Суханони нешдораш ба номусам кора карду шабона костюмамро гирифта, аз хона рафтам. Ҳатто меҳри ду фарзанд пеши роҳамро нагирифт. Миннати зан қоматамро шикаст.
Дилам аз модари фарзандонам ях шуд. Тамоми ин солҳо бори зиндагӣ ба дӯши ман буд, акнун ҳамагӣ як сол аст, ки бе кор мондаму занам маро назди хешу ақрабо ва ҳамсояҳо ин қадар таънаву миннат мекунад. Аз дигар занону хоҳарон хоҳиш мекунам дар зиндагӣ дурандеш бошанд, шавҳарони худро аз зиндагӣ дилсард насозанд, рафтори зани маро такрор накунанд.
А. н. Масчоҳ