Дар “Рӯзи ошиқон” яке аз зеботарин бонувони саҳнаи эстрадаи тоҷик-Тахмина Ниёзова ҷашни зодрӯзашро таҷлил менамояд. Ин бонуи фариштарӯю булбуловоз 14-феврали 1989 дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Меҳри санъату ҳунар бо хун дар шараёни Таҳмина Ниёзова ҷорӣ гашта, ӯро ба қуллаҳои баланди ҳунар расонидааст, зеро вай набераи яке аз устодони бузурги санъати тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов аст.
Таҳмина қадамҳои нахустинашро ба дунёи ҳунар ҳанӯз дар овони кӯдакӣ ниҳода, соли 2003 дар синни 14-солагӣ дар озмуни машҳури “Ситораҳои насли нав” ширкат варзид ва ғолибият ба даст овард.
Ҳамин тавр роҳи ин зебосанами ширинсадо ба олами санъат кушода шуда, пай дар пай ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил мегашт. Соли 2006 ин ҳунарманди ҷавон дар фестивали “Индиго-хит” иштирок намуд, соли 2008 бошад, дипломи «Суруди сол»-ро ба даст овард. Дертар дар озмуни овозадори «Пять звёзд. Интервидение» ширкат варзида, соҳиби “Гран-при” гашт.
Соли 2012 Таҳмина Ниёзова албоми таронаҳояшро бо номи “Нози ишқ” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешкаши ҳаводорони суруду мусиқӣ гардонд, кидар он таронаҳои бадахшонӣ низ буданд. Худи ҳамон сол ӯ дар озмуни байналмилалииSUNČANE SKALE (СОЛНЕЧНЫЕ ШАГИ) дар Черногорий иштирок намуда, таронаи машҳури «My Heart Makes Boom» суруд ва дар байни сарояндагон аз 24 давлат мавқеъи намоёнро ишғол намуда, ба “5-гонаи беҳтаринҳо” дохил шуд.
Бояд гуфт, ки бо ин ҳама муваффақиятҳо дар ҷодаи санъат аз рӯйи ихтисос Таҳмина Ниёзова санъаткор нест. Ӯ соли 2012 факултаи журналистикаи Донишкадаи Славянии Россия ва Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, дертар маълумоти дуюми оилаашро дар риштаи менеҷмент гирифтааст.
Имрӯз Таҳмина Ниёзова ба қатори ситораҳои машҳуртарини тоҷик дохил шуда, натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз марзи кишвар низ шуҳрату маҳбубияти зиёде дорад.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ Таҳмина Ниёзоваро бо ҷашни зодрӯзаш ва “Рӯзи ошиқон” сидқан муборакбод гуфта, барояш умри дароз, комёбиҳои беназири эҷодӣ ва зиндагии саршор аз ишқу муҳаббатро хоҳонанд.
Ф. Сатторӣ