Утеря
Шавҳари пинҳонӣ Қисми 1
136

 
Бону сахт аз ошкор шудани сири пинҳонаш метарсад. Аз чизе танқисӣ надорад ин зани зебо, вале шабе нест, ки нагиряд ва аз Худо ҳалли мушкилашро наҷӯяд…
 
Посӯхта
Бону дар деҳаяки хурди кӯҳистон ба дунё омадааст. Фарзанди калонии хонавода буд ва баъди даҳ соли интизориҳои волидайн ба канори эшон омад. Оҳ, дӯсташ медоштанд! Эркаву нози падар буду моҳи хиромони модар. Баъди Бонуи нозанин модар боз ду фарзанди худро аз даст дод. Занҳои калонсол ба модараш гуфтанд, ки агар кафи пойи духтарашро сӯзонад, фарзандони дигарашро саломат ба дунё меорад.
Падари Бону ин гапро аз ҳамсараш шунида, гуфт:
- Номаъқула сад бор кардаанд кампирҳои ту! Пойи духтарамро насӯзон, айби ин чӣ? Ин кори Худост.
Бону дар ин айём ҳафтсола буд. Бо чашми гирён аз аммааш пурсид, ки чаро модараш пояшро месӯзонад. Аммаи бевааш, ки дар ҳамсоягии онҳо мезисту ҷонаш ба ҷони фарзандони додараш баробар буд, ӯро ба оғӯш гирифта, гуфт:
- Аммат балогардонат-е, ин ҳамин хел як ирим. Поятро ҳеҷ кас намесӯзад, камтарак ба оташ наздик мекунанду халос. Баъд додарачадор мешавӣ…
Писари шӯхи ҳамсоя, Барот-ҷиннӣ, ки токҳои онҳоро мезад, бо шӯхӣ гуфт:
- Бонуҷон, ба поят карасин рехта, оташро сар деҳ, кори осон.
Аммааш Баротро бо калӯше се-чор бор зада, «ту ҷиннӣ!» гӯён аз ҳавлӣ берун кард.
Акнун Бону ҳамеша дар ғами сӯзондани пояш буд, зеро мехост соҳиби хоҳарак ё додараке шавад. Як рӯз аз рӯйи маслиҳати Барот-ҷиннӣ амал карда, ба пояш карасин рехту гӯгирд зад ва фарёди ҷонкоҳаш баланд шуд…
 
Тазоди қисмат
Модараш давида омада дид, ки оташ ба куртаи духтараш часпидааст. Рӯймолашро аз сараш гирифта, ӯро пӯшонд. Бону зарари сахт надид, пояш каме сӯхта буд, вале модараш Амина зуд ба бародараш занг зад ва тағояш Бонуро ба духтур бурд. Пояшро малҳам бастанд ва доруҳо низ доданд. Бечора модараш аз тарс дир-дир меларзид.
Амаки Зафар ба хона омаду пойи духтарашро докапеч дида, гуфт:
- Ҳой, девонаҳо, шумо охир гуфтаатонро кардед…
Ҳамин вақт Бонуча ба падараш нигоҳ карда, пичиррос зад:
- Дадаҷон, ман худам поямро сӯзондам. Акнун додарчадор мешавам.
Аммаи Бону аз тарси он ки бародараш нафаҳмад, ки ин шӯхии Барот-ҷиннӣ асту ӯро зада накушад, гапро ба дигар сӯ бурд.
Бонуи зебо пас аз се рӯз ба кӯча баромад. Барот барояш шириниҳои зиёд харида, ба диданаш омаду ӯро ба оғӯш кашида гуфт:
- Сиёҳпичамарг, ман шӯхӣ кардам, наход худата алов сар диҳӣ? Мемурдӣ, ман худамро мекуштам.
Ҳама нафаси осуда кашиданд, ки духтарак ба балое напечид. Зафар, ки яке аз сарватмандони музофот ба шумор мерафт, ба ҳаққи Баҳовиддини балогардон як гов кушта, хомталош кард. Барот гӯштро ба ҳама тақсим карда, шикамсерӣ гӯштбирён хӯрду ба аммаи Бону нигариста, хандид:
- Аҷаб кори хубе кардам-а, хола?
Зан ин дафъа лаълии оҳаниро ба сари Барот ғурронд, ки ба оринҷаш бархӯрда, ҷонаш баромад…
Аммо хандаи бахтро бинед, ки баъди ҳамин ҳодиса волидонаш соҳиби як духтару ду писари дигар шуданд. Зиндагӣ дар маҷрои худаш равона буд. Бонуи нозанин пеши зани тағояш, ки дӯзандаи машҳуре буд, нишаста, дӯзандагиро омӯхт. Синфи даҳ мехонд, ки барои арӯсон курта медухту пул меёфт. Ин духтари нозанину ҳунарманд харидори зиёде дошт, вале падараш ӯро ба писари як рафиқаш ба шавҳар дод.
 
Чашми бад
Аҷаб ҷуфти зебое буданд Зарифу Бону…
Рӯзи тӯй хушдоманаш се-чор бор испанддуд кард, зеро метарсид, ки ба писари зебову келини барнояш чашми бад мерасад…
 
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД