goodwell
Дар либоси кормандони милитсия дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд
25.11.2026
Оила
54

Дар либоси кормандони милитсия дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026–2030”-ро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он ба либоси кормандони милитсия дурбинҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

Барномаи мазкур санаи 30-юми октябр бо қарори ҳукумат тасдиқ шуда, марҳилаи сеюми ислоҳоти милитсия мебошад. Минбаъд тамоми маълумот дар як махзан ҷамъ омада, шинохти чеҳра ва ҳушвора низ роҳандозӣ хоҳад гашт. Акнун шаҳрвандон метавонанд телефонӣ шикоят намуда, рафти баррасии онро пайгирӣ намоянд.
бояд гуфт, ки насби дурбинҳои назоратӣ дар либоси кормандони милитсия, барои Тоҷикистон чандон падидаи нав набуда, дар шакли озмоишӣ дар шаҳри Душанбе истифода мешуд. Аммо барномаи нав бори аввал онро ба сатҳи сиёсати давлатӣ мебарад.
Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябри соли 2025 Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе, ба Вазорати короҳои дохилии Тоҷикистон 24 дурбини назоратии “баданпӯш” дод, ки барои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) пешбинӣ шуда буданд. Моҳи апрели соли равон ба нозирони бозрасии милитсияи пойтахт 60 дурбини дигар тақдим шуд, ки 24 соат дар як шабонарӯз навор ва садоро бо сифати баланд сабт мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД