Sebiston new 2024 october
ТАМАСХУРИ ҚИСМАТ
4295

 

Суман дар оила фарзанди деринтизор буд. Аз ин рӯ, волидонаш ба ӯ меҳри хоса доштанд. Модараш зиёд эрка мешавад гуфта, гоҳ - гоҳе духтарашро барои ягон кирдораш сарзаниш кунад ҳам, падараш равои озори духтарашро надошт.

Суман низ аз модар дида, ба падараш бисёртар меҳр дошту ҳатто розҳои духтаронаашро ба ӯ мегуфт. Падараш Самӣ Назар, марди сарватманди музофот ба шумор рафта, коммунисти фаъол ва корманди ҳизбӣ буд. Ӯ дар ҷавонӣ сарвари ҷавонони ноҳия буду баъдтар, ҷонишини раиси ноҳия таъинаш намуданд. Ба серкорияш нигоҳ накарда, ҳамеша дар мусобиқаҳои гӯштингирӣ ва бузкашӣ иштирок намуда, ғолиб мебаромад.

Ҷавонмарди болобаланди зардинаи зебое буд, Суман назари харидоронаи бонувонро ба падари паҳлавонаш дида, қаҳраш меомад, вале модараш парво надошт. Байни мардони деҳа ҳамқади падараш касе набуд ва Суман ҳамеша орзу дошт, ки монанди падараш ҷавонмарди ҳақиқие ёфта, баъд ба шавҳар мебарояд. Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл…

Ноздонаи падар

Самӣ Назар кӯҳсорон ва табиати зеборо зиёд дӯст медошт, Суман дар синфи нуҳ мехонд, духтари қадраси зебое бошад ҳам, падарашро, ки бо тақозои вазифаи бар дӯш доштааш ба кӯҳ, хабаргирии чӯпону галабонҳо мерафт, ҳамроҳӣ мекард.

Аспҳои бузии падараш низ он ҷо нигоҳубин мешуданд. Раис духтарашро ба аспи саманди зебояш савор мекарду аз чобукона асп ронданаш ҳавас мебурд, баъзан аз пешонии Суман бӯсида, мегуфт, ки “Чаро Худо туро писар наофаридааст?!” Боз худаш худашро ислоҳ карда, бо ифтихор илова мекард:

- Духтар низ бояд аспсавориро донад, Гурдофариду малика Томирис, боз даҳҳо занони чобуксаворро таърих ёд дорад.

Хулоса, Суман қад кашида, арӯси зебое шуду хостгорон дари хонаи Самӣ Назарро охурча карданд, аммо духтар ҳеҷ кадоми онҳоро хуш намекард. Модараш ӯро дуои бад карда мегуфт:

- Худо хоҳад, пирдухтар шуда мемонӣ, писари Амири Бухороро интизорӣ, ки ба ҳама айб мемонӣ?!

Падараш бошад, дили Суманро нигоҳ мекард. Як шом рафиқи наздики падараш, амаки Салом хостгорӣ омад, ӯ мехост, Суманро барои писари ҳуқуқшиносаш келин кунад, вале духтар ду пояшро ба як мӯза тиқонда гуфт, ки худамро мекушаму Мирзочаро намегирам. Модараш ин дафъа Суманро бо ҷорӯб чандто зада, дод зад:

- Куҷои як ҷавонмарди зебо, Мирзоча? Э илоҳӣ, сиёҳпичамарг шавӣ, ту духтари шоҳи париён, бачаҳои мардума айб намону гӯй ҳамон хушрӯята, омада дафъи муъминонат кунад то ҷонамон аз ту халос шавад!!! Туро ба хотири ману падарат хостгор мешаванд, вагарна саг суроғат намекунад. Китобу дафтарат аз сарат монад, бибихалифа, кошкӣ ғайри хондану навиштан сар-сарӣ гаштану дар гардани падарат савор будан ҳунари дигар дошта бошӣ….

Орзуҳои ғароиб

Самӣ Назар ба хотири духтараш рафиқашро хафа карда, хостгорияшро напазируфту ҳамон шаб Суманро дар танҳоӣ пурсид, ки чаро шавҳар кардан намехоҳад? Суман чашмҳои аз гиря варамидаашро ба падараш дӯхта, бо як соддагӣ пичиррос зад:

- Ман мехоҳам, ки қади шавҳарам баланд бошад, мисли шумо, то сарамро дар сандуқи синааш монам…

Самӣ Назар аз ин иқрори духтараш зери лаб хандиду аз пешонии ӯ бӯсида гуфт:

- Қадбаланд бошад, қадбаландашро меёбем, парво накун!

Чун модараш аз ин гуфтаи Суман хабар ёфт, шавҳарашро сарзаниш кард:

-Ҳамин шумо ӯро эрка кардаед, тавба, кадом духтар ба падараш ин гуна гапҳо мегӯяд?! Оҳ шармандае!

Аммо Суман ба муроди дилаш нарасид, оқибат волидонаш напурсида, духтарро ба ҷавоне фотеҳа карданд, ки ҳамдигарро надида буданд.

Рӯзи тӯй маълум гардид, ки қади шавҳаршавандааш Мурод аз Суман паст будааст, хоҳараш Ниҳол аз орзуи апааш бохабар буд ва бо шӯхӣ мегуфт:

- Апаҷон, ҳеҷ гап не, язнаам сарашро ба сандуқи синаи худат мемонад.

Аз ин шӯхиҳои хоҳараш Суман талх механдид. Изтироби модараш беҳуда баромаду эркадухтараш келини хубе шуд, Суман бо сари хам тамоми кору бори рӯзгорро мекард, вале он ишқеро, ки дар китобҳо мехонд, ҳаргиз эҳсос намекард.

Зиндагиашон ором ҷараён дошту соҳиби писару духтари нозанине низ шуданд, вале ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуду хати тақдири Суманро тамоман дигар кард…

Мусибат

Шавҳари Суман аз аввалин қурбониёни ҷанги шаҳравандӣ буд, баъд дарди бедавое падари нозбардорашро низ аз дунё бурд. Суману модараш бо як хона бача танҳо монданд, модар чилу се ва духтараш бисту ду сол доштанд…

Бо ҳидояти модар Суман ба донишгоҳе ғоибона дохил шуда, онро дар риштаи иқтисод хатм намуд ва бо амри тақдир бори дуввум ба шавҳар баромад ва азобе, ки дар зиндагӣ дид, Худо ба душмани кас нишон надиҳад. Ҳамсараш табиб буд ва дар соҳаи худаш овозадору шуҳратёр, шояд аз ҳамин буд, ки хеле мутакабиру худхоҳ ва аз ҳама барои Суман ғашовар русмаоб буд.

Барои як бонуи рустоие, ки дар оилаи анъанавии тоҷикӣ ба воя расидааст, ин ҳама чун хобу хаёли кобус метофт, аммо ба хотири гапи мардум Суман тоқат мекард. Зеро баргашта рафтанаш ба деҳа, сад маъно дошт. Солҳо чун турнаҳо аз осмони умр мегузаштанд, фарзандони Суман асосан дар тарбияи модару додаронаш буданд.

Аммо ҳар вақт мехостанд ба хонаи модар меомаданду мерафтанд, Шукур, ҳамсари Суман ба фарзандони ӯ ниҳоят меҳрубон буд. Бонуи аз зиндагӣ чизе надида, фарзандонашро бо ёрии шавҳару додаронаш хононд, соҳиби маълумоти олӣ ва хонаву дари хеш гардонид, вале тақдир «сюрприз»-ҳои дигар низ доштааст…             

Тамасхури қисмат

Дар ин миён шавҳари Суман аз бемории дил дунёро тарк гуфту бону дар сини чилу се боз бева монд. Дар ҳавлии калону барҳаво танҳо монд… Писараш, ки тиҷораташ дар ноҳия буд, ба шаҳр омаданро хуш надошт, духтару домодаш низ. Аз ин рӯ, Суман духтарчаи духтарашро ҳамроҳаш гирифта, зиндагияшро идома медод.

Ӯ дар як ширкати сохтмонӣ ба ҳайси муҳосиб ба кор даромаду тамоми зиндагияшро сарфи наберааш мекард, вале сари роҳаш муҳаббат пайдо шуд…

Ҷомӣ ҳамсинну соли Суман асту тоҷири муваффақ, занаш ду сол пеш аз бемории саратон оламро падруд гуфтаву ӯро танҳо гузошт. Ду духтарашон соҳиби хонаву дар ва зиндагии хеш ҳастанд. Ҳарчанд зуд-зуд аз авҳоли падар хабар мегиранд, вале танҳоии ӯро аз байн набурданд.

Ҷомӣ ҷавонмарди зебое аст, ки духтарони хона низ тайёранд ба ӯ хонадор шаванд, вале дили ӯ моили Суман гашту ин зани зебои хушсуханро бо як дидан пазируфт. Шиносоии онҳо тасодуфӣ дар маъракаи тӯйи хонадоршавии як дӯсташон воқеъ гардид.

Суман, ки аз саодати оилавӣ бенасиб буд, суханҳои гарму нарми мард дилашро обу адо карданду онҳо пинҳонӣ аз ҳама ақди никоҳи мусулмонӣ бастанд. Суман аз пайвандонаш шарм медошт, ки бори саввум шавҳар карданашро гӯяд.

Тақдирро бинед, ки дар чилу ҳафтсолагӣ Суман ҳомиладор шуду писар тавлид намуд, сари Ҷомӣ ба осмон расиду духтаронаш бо туҳфаҳои зиёд ба хабаргирии додаракашон омаданд. Онҳо Сумани меҳрубонро очаҷон мегӯянд, духтари Суман, модару пайвандонаш низ ин навгониро хуб истиқбол карданд. Аммо писараш бо Суман қаҳрист….

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД