Arzon march 2024
«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН-2022» КИҲО СОҲИБИ ҶОИЗА ГАШТАНД?
05.04.2022
ОИЛА
1322

 Меҳмонхонаи зебову овозадори “Hyatt Regency” намуди идона дошт. Ба маҳкам будани роҳҳо нигоҳ накарда, меҳмонон, ки дар байнашон роҳбарони идораву муассисаҳои давлатӣ соҳибкорони муваффақ, чеҳраҳои маъруфи фарҳангу ҳунари кишвар ва ситораҳои эстрадаи тоҷик низ буданд, ба табрики ғолибони озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022” меомаданд.

Мизбонони маърака-кормандони агентии рекламавии “Тайрон” меҳмононро бо чеҳраи кушода ва лабони пуртабассум истиқбол гирифта, ба толор, ки ба таври идона оро ёфта буд, роҳнамоӣ мекарданд.

Ровии шинохта Фаридун Хайруллозода ва маликаи Инстаграм Сабринаи Назрӣ ба сифати барандагони ин маҳфили зебо кулли меҳмонон ва иштирокчиёни лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022”ро хайрамақдам гуфта, муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Умед Солеҳзодаро ба рӯйи саҳна хонданд.

Соли нуҳум аст, ки агентии “Тайрон” ҶДММ  «Оила» дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”-ро баргузор менамояд ва он ба як чорабинии муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст.

Умед Солеҳзода ба ин лоиҳа баҳои хеле баланд дода, таъкид намуд, ки ин чорабинӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад ва он як навъ идомаи амалии татбиқи иқдомҳои сарвари давлат мебошад.  

Пас аз ин директори агентии “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова ба сухан баромада, ба сифати мизбон кулли меҳмонон ва иштирокчиёни лоиҳаро хайрамақдам гуфт. Хонум Шаҳноза Ҳамдамова зимни баромади худ таъкид намуд, ки сарвари давлат солҳои 2022 -2026-ро “5-солаи рушди саноат дар Тоҷикистон “ эълон кардаанд ва имсол озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон -2022” маҳз ба ҳамин панҷсола бахшида шуда, ҳадафи лоиҳа дастгирии соҳибкорони ватанӣ, тарғиби маҳсулоти онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.

Дар охир директори агентии “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова ба сарпарасти кулли лоиҳа ҶДММ “Идораи букмекерии “Паримачт”, ба сарпарастони лоиҳа ҶДММ “Артел Авесто Электроник” ва Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо “Сиёма”, ҳамчунин ба шарикони иттилоотӣ- телевизиони “Сафина”, ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан”, ширкати “Суруш Медиа”, радиои “Ҳамсадо”, ширкати рекламавии “Феникс” ва ширкати “Авторадио” барои дастгирӣ, кӯмак ва ҳамкориашон дар баргузории ин чорабинии бошукӯҳ изҳори миннатдорӣ намуд.

Пас аз суханронии Шаҳноза Ҳамдамова гулдухтарони дастаи рақсии “Ҷаҳоноро” бо як рақси мавзуни худ хотири мехмононро шод сохтанд, сипас маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун оғоз ёфт.

Дар номинатсияи “ Интихоби харидор» ширкати «Афзали Суғд» бо тамғаи «Молочная радость» ғолиб дониста шуд.

малочная радост

“Афзали Суғд” яке аз ширкатҳои хеле маъруфи ватанӣ ба шумор рафта, бо истеҳсоли маҳсулоти ширии хушсифат ном баровардааст.   Ширкати мазкур аз соли 1998 инҷониб бо тамғаи «Молочная радость» фаъолият намуда, ҳудуди 20 номгӯй маҳсулоти ширӣ мебарорад, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, сифати баланд ва харидорони зиёде доранд. Маҳсулоти ин ширкат борҳо дар озмунҳои гуногун сазовори ҷоизаҳо гаштааст.

Дар номинатсияи “Ибтикори тиллоӣ” ҶДММ «Сардор-2008» бо маҳсулоти «Ҳавас» ғолиб дониста шуд.

хавас

Ширкати “Сардор-2008” дар давоми 10 соли охир тавонистааст бо номгӯи зиёди маҳсулоти худ ба қатори 40 ширкати пешсафи бозори дохилӣ ворид шавад. Технологҳои нави корхона имкон фароҳам овардаанд, ки бо ихтирои маззаву лаззати нав ба нави донаҳои офтобпарасти тамғаи “Ҳавас” ҳаваси харидоронро оварда, дастболо гардад. Аҳли коргоҳ пайваста бар он мекӯшанд, ки сифати маҳсулоти худро торафт баланд бардошта, дар ояндаи наздик ба кишварҳои хориҷӣ низ маҳсулот содир намоянд.

Дар номинатсияи “Навгонӣ дар соҳибкорӣ” ширкати “Сатурн-1” бо тамғаи тиҷоратии “РАМИС” ғолиб дониста шуд.

рамис2

Ширкати истеҳсолкунандаи маводҳои шустушуйӣ ва хокаи ҷомашӯӣ - “Сатурн-1” дар бахши кимиёи маишӣ яке аз ширкатҳои пешрави ҷумҳурӣ ба шумор рафта, зиёда аз 100 номгӯй маҳсулот истеҳсол мекунад. Маҳсулоти “Рамис”, махсусан гелҳои ҷомашӯиаш, ки ҳам барои шустани маводи сафедранг ва ҳам сиёҳранг пешбинӣ шудааст, дар бозори дохили кишвар маҳсулоти нав ба шумор рафта, бо сифату бастабандии зебояш аз молу маҳсулоти хориҷӣ камӣ надорад.

Дар номинатсияи “Нуфуз ва ҳаловат” ҶДММ “Сафар Ориён” ғолиб дониста шуд.

111 тпкси_1

ҶДММ “Сафар Ориён” бештар бо номи “Як Такси” машҳур аст. Ширкати “Як-Такси” намудҳои гуногуни хизматрасониро ба монанди хизматрасонии таксӣ, иҷораи мошин бо ронанда, сайру сайёҳати шаҳр бо роҳбалад, ёрӣ ба ронандаҳое, ки мошини худро имконияти рондан надоранд, хизмати курьер, таксиҳои корпоративӣ, мошинҳои боркаш, мошинҳои бароҳат ва бонуфуз барои ҳолатҳои махсус ва ғайра ба мардум пешкаш менамояд. Ширкат бехатарӣ ва сафари пурҳаловати мусофиронро ҳамеша дар ҷойи аввал мегузорад ва ронандагонаш бо маданияти баланди хизматрасонӣ ва муомилаву муносибати хубашон бо мусофирон ном баровардаанд. “Як Такси” - таксии расмии Тоҷикистон аст!

Дар номинатсияи “Бомазза ва муфид» корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо -«Сиёма» ғолибият ба даст овард.

Сиёма

Зиндагии инсонро бидуни об тасаввур кардан имконнопазир аст, зеро ҳаёт аз об сарчашма мегирад. “СИЁМА” –ро метавон сарчашмаи оби ҳаёт номид, зеро обҳое, ки ин ширкат истеҳсол менамояд, на танҳо хушмазза, балки ба саломатии инсон бениҳоят муфиданд. Корхона бо технологияҳои муосири фаронсавӣ муҷаҳҳаз буда, технологияи хуби коркарди об сифати беҳтарини маҳсулотро таъмин менамояд. Дар муддати кутоҳ ба “СИЁМА муяссар гашт, ки бо истеҳсоли нӯшокиҳои гуногуни хуштамъ ва муфид на танҳо дар бозори дохилии кишвар, балки дар хориҷи мамлакат низ шуҳрат ёбад. Обҳои ташнагишикани “Сиёма” роҳати ҷонанд!

Дар номинатсияи “Лаззати даврони кӯдакӣ» сехи қаннодии “ШОКОЛАТЬЕ” ғолибият ба даст овард.

шоколадная мечта

Сокинон ва меҳмонони пойтахт мағозаи қаннодии “ШОКОЛАТЬЕ”-ро ба ин ҷоиза сазовор донистаанд. “ШОКОЛАТЬЕ”- на фақат нуқтаи савдост, ҷои фароғат ҳам ҳаст, зеро хурду калон аз маззаи торту   кулчақандҳои бомаззааш ҳаловат бурда, дар ин ҷо суҳбатҳои ҷолиб меороянд. Қаннодиҳои “ШОКОЛАТЬЕ” на танҳо хони мардум, балки дастархони чорабиниҳои гуногунро низ оро медиҳанд ва туҳфаи хубу лазиз ҳам ҳастанд! Аксарият бо чашидани маззаи нотакрори торту кулчақанд ва дигар шириниҳои ШОКОЛАТЬЕ даврони кӯдакии худро ба ёд меоранд.

Дар номинатсияи “Ибтикори сол” маҷмааи агросаноатии ҶДММ “Мармарӣ” ғолиб дониста шуд.

мармари

Маҷмааи чорводорӣ ва мурғпарварии “Мармарӣ” яке аз калонтарин корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат нақши калон мебозад. Маҷмаа забҳхонаи муосиреро дорост, ки ҳудуди он 1,7 гектарро ташкил дода, бо риояи талаботҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва инфрасохтори муҳандисӣ бунёд ёфааст. Таҷҳизот аз кишварҳои Чину Аврупо оварда шудааст. Бори аввал дар ин ҷо сардхонаи яхбандии ҳалқапеч насб гардида, айни замон дар кишварамон беназир ба ҳисоб меравад. Бо бунёди комплекси агросаноатии мурғпарварии ширкати “Мармарӣ” дар Данғара ва пойтахт 270 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар номинатсияи “Дизайни хушсалиқа” маркази савдои “Қолинҳои Форс” ғолибият ба даст овард.

колин сервис

“Қолинҳои Форс” яке аз мағозаҳои калонтари қолинфурӯшӣ дар шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Мағоза бо ширкатҳои савдо ва корхонаҳои истеҳсолии маъруфи Эрон ваТуркия ҳамкорӣ дорад ва қолинҳои хушсифати дизайнашон хушсалиқаро дастрас карда, ба мардуми тоҷик пешниҳод менамояд. Маҳсулоти ин мағоза бо сифати баланди худ диққати харидоронро ба худ кашида, дар бозор талабот ба он хеле зиёд аст. Ин маркази савдои чакана дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҳамчун таъминкунандаи молҳои баландсифат шуҳратёр гардад. Андозагирӣ, домандӯзӣ, дастрасонии қолинҳо бепул аст.

Дар номинатсияи “Назар ба оянда” ҶДММ "ARTEL AVESTO” ғолибият ба даст овард.

артель

“ARTEL AVESTO ELECTRONICS " -корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон буда, хеле ҷавон мебошад. Ширкат асосан бо истеҳсоли таҷҳизоти зарурии рӯзгор машғул аст. “ARTEL AVESTO ELECTRONICS фаъолияташро моҳи феврали соли 2019 дар Тоҷикистон ба роҳ монда, дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба доираи бузургтарин корхонаҳои мамлакат дохил шавад. Тамғаи “Артел” бо яхдону телевизор, мошинаҳои ҷомашӯиву тафдонҳои гуногуни барқӣ, чангкашаку обгармкунак ва дигар асбобҳои хушсифаташ машҳур аст. Корхона 20 намуди техникаи маишии хушсифат истеҳсол намуда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ мавқеи устувор дорад.

Дар номинатсияи “Эътирофи байналмилалӣ” ширкати букмекерии “Париматч” ғолиб дониста шуд.

2 - копия_1

 

“Париматч” яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба шумор меравад. Ширкати мазкур фаъолтарин иштирокчиёни бозори маркетинги варзиширо гирд оварда, бо федератсияҳо ва клубҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамкории зич дорад. “Париматч» дар рушду нумӯи варзиш иштироки фаъолона дошта, аз 12-уми августи соли 2020 шарики расмии букмекерӣ оид ба Ҷом ва Суперҷом, инчунин Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол аст. “ПАРИМАТЧ”дастгири ҳақиқии варзиши Тоҷикистон мебошад. Ширкат дигар барномаву лоиҳаҳои ҷолибро низ дастгирӣ менамояд.

Дар номинатсияи “Маҳсулоти машҳур” ҶСП “Комбинати шири Душанбе”ғолибият ба даст овард.

Шири Душанбе

Маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифати Комбинати шири Душанберо чандин насли халқи тоҷик истеъмол намуда, туфайли ҳамин маҳсулот бардаму солим ба воя расидаанд. Корхона аз соли 1965 фаъолият менамояд ва дар байни тамоми қишрҳои аҳолӣ маълуму машҳур аст. Айни замон дар як шабонарӯз комбинати шири Душанбе зиёда аз 65 тонна ашёи хомро коркард карда, ширу қаймоқ, панир, равғани маска ва намудҳои дигари маҳсулоти шириро истеҳсол менамояд. Дар маҷмӯъ комбинат ба харидорон 85 номгӯи маҳсулотро пешкаш намуда, сазовори ҷоизаҳои зиёде гаштааст.

Дар номинатсияи “Сазовори боварӣ” Ширкати стоматологии “Евродент” ғолиб дониста шуд.

евродента

EURODENT-маркази махсуси стоматологӣ буда, солимии дандонҳоро барқарор менамояд. Корхона дандонпизишкони беҳтаринро гирд оварда, ба мизоҷони бешумораш содиқона хизмат менамояд ва ба мардуми тоҷик табассуми зеборо ҳадя мекунад. Дар баробари ин, дар самти дандонпизишкӣ мутахассисони ин даргоҳ корҳои илмию амалии зиёдеро ба анҷом расонидаанд. “Талаботи баланд ва сифати намунавӣ- гарави саломатии мизоҷон ва пешрафти мост!”- чунин аст шиори кормандони ин табобатгоҳи бонуфузи стоматологӣ.

Дар наминатсияи “Бо муҳаббат тайёршуда» ҶДММ «Раҳмат-2004» бо тамғаи «Кря-кря» ғолиб дониста шуд.

кря-кря4

“Кря-Кря» тамғаи тиҷоратии маҳсулоти гигиенӣ ва маводҳои кимиёвии шустушӯӣ барои нигоҳубини навзодон ва кӯдакон мебошад, ки таҳти роҳбарии ширкати ҶДММ “Раҳмат-2004” ба бозори Тоҷикистон бароварда мешавад. Таркиби маҳсулоти «Кря-Кря» дорои моддаҳои табиӣ, моеъҳои аз растаниҳо омодашуда, витаминҳо ва равғанҳо буда, бидуни сулфатҳо, парабенҳо ва рангҳост. «Кря-Кря» тамғаи афсонавиест, ки бо муҳаббат ва ғамхориии зиёд нисбати атфол истеҳсол мешавад. Маҳсулот бо сифати баланд ва нархи дастрасаш мақбули харидорон гардидааст.

Дар номинатсияи “Интихоби оилавӣ” ҶДММ «Покиза» ғолиб дониста шуд.                

Покиза

Маҳсулоти ин корхона муштариёни зиёде дорад, зеро “Покиза” бо ҳалолкорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат кайҳо машҳур гаштааст. “Покиза” бо тамғаи “Ҳалол” зиёда аз 50 намуд ҳасибу ҳасибча, 6 намуд тушбера ва навъҳои дигари маҳсулоти гӯштии лаззизу хушсифатро ба бозор бароварда, ба харидрон пешкаш менамояд. Корхона дар сар то сари кишвар зиёда аз 2000 нуқтаҳои фурӯш дорад, ки фаъолона амал менамоянд. “Покиза”тамоми маҳсулоташро бо муҳаббати зиёд омода намуда, дар дили мардум маъво гирифтаат. ҶДММ “ПОКИЗА” ҷоизадори панҷкаратаи озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” мебошад.

Дар номинатсияи “Дастовард дар соҳибкорӣ” ҶДММ “Париноз”-и шаҳри Хуҷанд бо тамғаи “Химус” ғолиб дониста шуд.

химус

ҶДММ “Париноз” ширкати ҷавон буда, фаъолияташро соли 2021 дар вилояти Суғд ба роҳ мондааст. Ҳамаи маҳсулоти ин ширкат бо тамғаи "ХИМУС" истеҳсол мешавад. Ширкати мазкур ба мардуми тоҷик маводҳои кимиёвии шӯяндаро пешниҳод менамояд. Ашёи хом барои истеҳсоли маводҳои шӯянда аз кишварҳои Аврупо, Туркия ва дигар давлатҳо дастрас мешаванд. Маҳсулоти ин ширкат бо тамғаи «Химус»   дар давоми як сол харидорони зиёдро пайдо намудааст. Дар ин давра истеҳсоли маводҳои нави Velvet, Biox, Бархат ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки дастоварди ҳақиқӣ дар соҳибкорист.

Дар номинатсияи “Сифати намунавӣ” ҶСК «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» ғолибият ба даст овард.    

шохамбари

“Шоҳамбарӣ дурдонаест дар оғӯши табиати афсункори Тоҷикистон. Осоишгоҳ соли 1952 дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, бозсозии он соли 2016 оғоз ва соли 2021 пас аз таъмири пурра ба истифода дода шуд. Дар тамоми ҳуҷраҳо аз интернети ройгон, телевизору радио истифода бурдан мумкин аст, барои муштариён барномаҳои фароғатӣ, экскурсияву саёҳат ба гирду атроф низ ташкил карда мешавад. Оби чашмаҳои «Шоҳамбарӣ» барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат ва такягоҳ, диабети қанд ва ғайра муфид буда, ҳамасола ҳазорон нафар ба хотири истироҳат ва табобат ба ин осоишгоҳ мераванд.

Дар номинатсияи “Қадам ба сӯи фардо” СИ «Боқиев Тоҳир» бо тамғаи «Қолин сервис» ғолиб дониста шуд.

колин-сервис

 

Ширкати “Қолин-Сервис” соли 2018 ба фаъолият шуруъ карда, байни   муштариёни зиёд бо сифати хизматрасониҳояш маъруф гардидааст. “Қолин-сервис” асосан бо тозакунӣ ва шустани гилему қолин, кӯрпаву кӯрпача, матрас, болишту рӯйпӯш ва дивану роҳаткурсиҳо машғул мебошад. Кормандони ширкат танҳо аз маводҳои шӯяндаи сифаташон баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мебаранд.”Қолин-сервис” ба ҳар хонадон тозагӣ ва роҳатро ҳадя менамояд.

Дар номинатсияи “Навгонии сол” корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо “Сиёма” бо тамғаи “Марко Поло” ғолиб дониста шуд.  

Сиёма

“Марко Поло” - чунин ном дорад маҳсулоти нави корхонаи “Сиёма”, ки бо раъйи бештари мардум сазовори ҷоиза гаштааст. “Марко Поло” - нӯшокии нерӯбахш барои афродест, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои хуш ҳамеша дар талошанд. Нӯшокии нерӯбахши “Марко Поло” дорои рангу бӯй ва ҷавҳари табиӣ, ҳамчунин гурӯҳи витаминҳои В, таурин, кофеин ва L-карнитин мебошад. Он табъи касро болида гардонида, нерӯи зиёд ҳадя мекунад.

Дар номинатсияи “Бо мурури вақт санҷидашуда” ҶДММ “Махмудов Г.Н.” бо тамғаи тиҷратии “ФАЙЗИ РАСУЛ” ғолиб омад.

 файзи-расул2

Маҳсулоти шириву гӯштии «Файзи Расул»-ро мардум дар сар то сари ҷумҳурӣ мешиносанд ва дилпурона харидорӣ менамоянд. Қобили зикр аст, ки зиёда аз 40 намуд ҳасибҳои ширкат дар дастгоҳҳои замонавӣ аз гӯшти аълосифат тайёр мешаванд. Ҳамасола ширкат номгӯи маҳсулоташро васеъ менамояд. Маҳсулоти нисбатан нави ин ширкат-гӯшти дуддодашуда ва гӯшти мурғи дуддодашуда чун ҳасибу ҳасибчаҳои бо мурури вақт санҷидашуда сазовори боварии мардум гаштаанд. «Файзи Расул»-файзи дастархони тоҷикистониён аст!

Дар номинатсияи «Бренди мардумӣ” гурӯҳи ширкатҳои холдингии «Фаровон-1»-и Вилояти Суғд ғолибият ба даст овард.  

фаровон1

Ширкати бисёрҷабҳавии истеҳсоливу тиҷоратии «Фаровон-1» соли 2003 ташкил шуда, айни замон яке аз холдингҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. “Фаровон-1” на фақат гурӯҳи ширкатҳо, балки ин идеология ва арзишҳои 2000 нафар ҳамфикру ҳамкоре мебошад, ки соҳибкориро пеша намуда, бо тиҷорати софдилона дар пешравии кишварамон саҳми арзанда мегузоранд. Чанд намуд орди тамғаашон «Беҳтарин», “Зар-Замин, “Пазанда” ва мурғу тухмҳои ин ширкат   кайҳо дар байни мардум машҳур ва писанди кадбонуву пазандаҳои касбӣ гардидаанд. Маҳсулоти “Фаровон-1”- файзи ҳар як хонадон!

Дар номинатсияи “Манзили дастрас” ҶСК “Авитсенна” ғолиб дониста шуд.

авитсена

 

ҶСК «Авиценна» аз соли 1999 ба фаъолият шуруъ намуда, яке аз ширкатҳои бисёрҷабҳаи бомуваффақият рушдкунандаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Самти фаъолияташ бештар ба сохтмони биноҳои хуштарҳу замонавӣ равона гардидааст. Биноҳои зебои сохтаи ин ширкат ба кӯчаҳои шаҳри Душанбе зебу зиннати дигар мебахшанд.   Соли гузашта ширкати “Авитсена” дар хиёбони Айнии пойтахт, дар бинои нави истиқоматии “Истиқлол” 65000 метри квадратӣ манзилгоҳро бо нархи нисбатан дастрас ба истифода супорид. Авиценна– ин мерос аз насл ба насл аст!

Дар номинатсияи “Маҳсулоти табиӣ” ҶСП “Баҳори пурфайз”ғолиб дониста шуд.

бахори-пурфайз

 

ҶДММ “Баҳори пурфайз” ба истеҳсол ва коркарди гӯшти мурғ машғул буда, фаъолияти худро аз соли 2018 ба роҳ мондааст. Корхона дар самти муҷаҳҳаз гардонидани истеҳсолот бо дастгоҳҳои замонавӣ пайваста кор мебарад ва вобаста ба ин номгӯи маҳсулоташ торафт васеъ мегардад. Ҳоло номгӯи маҳсулоташ 15 намуд буда, дар як сол 100 тонна маҳсулоти мурғиро коркард менамояд. “Баҳори пурфайз” дар технологияи истеҳсолот фақат аз маводи табиӣ истифода мебарад ва бозори маҳсулоти гӯштиро бо маҳсулоти болаззат, хушсифат ва нисбатан арзон таъмин менамояд.

Дар номинатсияи “Шарики боэътимод” ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” ғолиб дониста шуд.

химоя

Ширкати ҳуқуқи “Ҳимоя” самти асосии фаъолияташро барои машваратҳои ҳуқуқии кооперативӣ ва тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Дар рӯзҳои вазнини пандемияи коронавирус ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” лоиҳаи дастгириро роҳандозӣ намуд, ки дар доираи он ба ҳама соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ройгон машварати ҳуқуқӣ мерасонд. Мақсади асосии ширкат ҳимояи соҳибкорон мебошад, то ҳар яки онҳо боэътимод тавонанд гӯянд, ки “ман ҳуқуқшиноси боэътимод дорам, ки қодир аст ҳама мушкилотамро ҳал намояд.”

Дар номинатсияи “Номгӯи васеъ” СИ “Шодиев А” бо тамғаи “Рамазон” ғолиб дониста шуд.

“Рамазон” яке аз тамғаҳои маъруф дар бозори кишвар маҳсуб меёбад. Корхона соли 2015 аввалин маротиба маҳсулоти гӯштии худро пешниҳоди харидорон намуд ва соли 7-ум аст, ки харидоронашро бо истеҳсоли 30 намуд ҳасибҳои хушсифат ва арзон таъмин менамояд. Албатта бо маҳсулоти гуногуну хуштамъи ширкати “Рамазон” дастархони мо боз ҳам зеботар мегардад.

Дар номинатсияи “Некномӣ ва эътимод” ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии “Бима»”ғолиб дониста шуд.

Ташкилоти суғуртаи «BIMA» яке аз ташкилотҳои пешқадамест, ки дар Тоҷикистон 8 сол боз хизматрасонии суғуртаи ихтиёриро пешкаш мекунад. Бо кӯшиши ширкат технологияҳои суғуртаи Ғарбӣ ва Русия ба бозори Тоҷикистон ворид шуда истодааст. Имрӯз ширкати суғуртаи BIMA дар бозори суғуртаи корпоративӣ пешсаф буда, мақоми шарики боэътимод ва пешсафи пардохтҳои суғуртаро ба даст овардааст. “Суғурта барои ҳама дастрас ва сазовори боварии ҳамагон бошад!” -ин аст шиори ҳамарӯзаи ташкилоти суғуртавии “Бима”

Дар номинатсияи “Бренди мардумӣ”- ҶДММ “Сардор-2008” бо тамғаи “КОК” ғолиб дониста шуд.

 кок

“Сардор-2008” бо маҳсулоти тамғаи КОК машҳур гаштааст. Чанд сол аст, ки ширкат кулчанонҳои хушккардашудаи болаззатро бо унвони “КОК” ба мардум пешкаш месозад ва миёни харидорон шинохта шуда, табъи ҳаводоронашро шод мегардонад. Дар ҳоли ҳозир ин ширкат 8 намуди чунин маҳсулотро ба фурӯш баровардааст, ки тамъҳои гуногуни қаймоқӣ, кабудӣ, сихкабоб ва намакин дошта, ҳар як харидор бо табъи худ онро аз дилхоҳ мағоза дастрас карда метавонад.

Дар номинатсияи “Солимии миллат” ҶДММ «София Файзиева» бо унвони “Маркази саломатии «Sofia» ғолиб дониста шуд.

софия

Маркази саломатии Sofia барои сатҳу сифати хуби хизматрасониҳои тиббӣ ба мардуми кишвар мутахассисони ботаҷриба ва баландихтиссосро ҷалб намудааст. Ҳамчунин дар марказ усулҳои муосири ташхису табобат, хизматрасониҳои ороишӣ (косметологӣ ) ва муолиҷаи маҳсӣ роҳандозӣ шудааст. Духтурони ин марказ ба мизоҷони бо мушкилии маризиҳои занонаву кӯдакона, захмҳои меъдаву рӯда, асаб, проктологиву урологӣ гирфтор, ҷамъулҷамъ аз рӯи 13 намуд хизматрасониҳои тиббӣ хизмат мерасонанд. “Sofia” кафили тани бардами ҳар яки мо ва солимии миллат аст!

Бо ҳамин маросими расмии ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022” ба охир расид.

Мо бори дигар ҳама ғолибони озмунро самимона муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳат ва барори кор хоҳонем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД