Arzon march 2024
ТАЛАФОТИ ҶОНӢ ДАР АЙНӢ
2084

Дар ноҳияи Айнӣ боз як садамаи маргбори дигар рух дод. Ашуров Ҳотам Кенҷаевичи 50-сола ду рӯз қабл аз деҳаи Айнӣ ба самти шаҳраки Зарафшон рахти сафар намуд. Баногоҳ дар километри 118-ум, дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ сабукрави тамғааш “Mercedes benz” ба чуқурии 30-метр сарозер шуд.

Чаппа шудани автомобил аз чунин баландӣ бе талафоти ҷонӣ намеанҷомад. Ронанда Ашуров дар ин садамаи фалокатбор ҷароҳати вазмини ҷисмонӣ бардошту ҳамон дам дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҳақ супурд.

Бинобар иттилои вазорати умури дохила, ду мусофири дар дохили автомобилбуда- Холиқов Бадриддин Содиқбекович, соли таваллудаш 1979 ва Ниёззода Масрури Мурод, соли таваллудаш 1990 низ дар ин садама ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ду мусофири ҷабрдида сокини ноҳияи Айнӣ мебошанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД