- Истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои хурди чинӣ барои ҳамлу нақли одамон ва бор EHang таксии бесарнишини EH216-S-ро барои фурӯш дар платформаи онлайнии Taobao ба кор андохтааст,- менависад 3Dnews.
Нархи чунин таксии парвозкунанда 2,39 миллион юан (332 ҳазор доллар) аст. Модел бо 16 пропеллер муҷаҳҳаз буда, қодир аст 2 мусофирро бо суръати то 130 км/соат ба масофаи то 30 км интиқол диҳад.
Истифодабарандагон метавонанд фармоиш диҳанд ва таксии ҳавоӣ дар давоми 30 рӯз фиристода мешавад.
EH216-S аввалин ҳавопаймои электрикии амудии парвоз ва фуруд (eVTOL) мебошад, ки сертификати бехатариро аз Идораи авиатсияи граждании Чин гирифтааст. Ин дар моҳи октябри соли гузашта рух дод ва роҳро барои тиҷоратикунонии ин мошинҳо боз кард.
Саҳмияҳои EHang дар NASDAQ дар соли гузашта 80% афзоиш ёфтанд, гарчанде онҳо аз авҷи худ дар моҳи декабри соли 2020 хеле пасттаранд. Илова ба EHang, AutoFlight ва XPeng дар Чин мошинҳои eVTOL-ро таҳия мекунанд.