arzon replenishment
ТАФСИЛОТИ МАРГИ МАРДЕ, КИ ХУДРО ДАР КӮЛОБ ОТАШ ЗАДА БУД
2685

Зариф Аблуллоев, сокини 62- солаи Кӯлоб, ки ду рӯз пеш дар назди бинои Раёсати молияи шаҳр аввал ба шикамаш корд зада рӯдаҳояшро буриду сипас ба сараш бензин рехта, худро оташ зада буд, имрӯз дар беморхона вафот кард. 

Ба гуфти як манбаъ бе зикри ном Абдуллоев бо Раёсати молияи Кӯлоб ҳамкорӣ дошта, муассисаҳои томактабии шаҳрро бо маводи ғизоӣ таъмин мекард. Ду моҳ пеш ӯ муфлис шуд ва Раёсати молия пулеро, ки ӯ ҷайби худаш барои расонидани ғизо ба муассисаҳои томактабӣ сарф карда буд, барнагардонд.

Намояндаи молия гуё ба ӯ ваъда додааст, ки таъминотро аз ҳисоби худ анҷом диҳад ва баъдан пулашро медиҳанд. Ӯ қарз гирифта, ин коррро мекунад. Баъди ин борҳо ба Раёсати молия меояд, вале пули барои сарфу харҷи боғчаҳо пешбинишударо ба ӯ намедиҳанд.

Шоҳидон мегӯянд, ки субҳи рӯзи шанбе ӯ аз дари Раёсати молия берун шуд аввал бо якчанд зарби корд худашро захмӣ кард ва баъдан ба сараш бензин рехта, худашро оташ зад. Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст. Дар Раёсати молияи шаҳр бо мо суҳбат накарданд.


КУЛОБ: МАРД ХУДРО АВВАЛ КОРДУ БАЪД ОТАШ ЗАД!


Сомонаи “Оила” ду рӯз қабл хабар дода буд, ки субҳи рӯзи шанбе дар назди Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб марде худро аввал бо корд захмӣ карду сипас оташ зад. Мард ду рӯз боз дар шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи вилоятии №2 дар шаҳри Кӯлоб бистарӣ буду вазъи саломатиаш ниҳоят вазнин арзёбӣ мешуд ва имрӯз аз дунё гузашт.

Дар бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб тасдиқ карданд, ки Зариф Абдуллоев соати 11 ба ҳуш наомада, вафот кард. Ба гуфтаи масъулони бемористони вилоятӣ 90 дарсади бадани Зариф Абдуллоев сӯхта буд ва то имрӯз зери дастгоҳи нафаскашӣ қарор дошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД