Ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии “Пайк” чанд лаҳза пеш дар сомонааш дар такя ба Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб хабар дод, ки саҳари имрӯз дар назди Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб марде худро аввал бо корд захмӣ карду сипас оташ зад.
Ба гуфти мухбири ”Пайк”сокини шаҳри Кӯлоб Абдуллоев Зариф, соли таваллудаш 1957 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зарбдор деҳаи Кӯҳнашаҳр саҳари имрӯз аввал бо корд худро захмӣ кард, аниқтараш ба шикамаш корд зада рӯдаҳояшро буридааст ва сипас ба сараш бензин рехта, худро оташ зад.
Манбаъ инчунин илова кард, ки ҳоло марди қасд ба ҷони худ карда дар шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи вилоятии №2 дар шаҳри Кӯлоб бистарӣ асту вазъи саломатиаш ниҳоят вазнин арзёбӣ мешавад.
Бино бар иттилои расида ин мард, ки маъруф бо номи ҳоҷӣ Зариф аст, таъминкунандаи нон ва дигар хӯроквориҳо дар баъзе аз боғчаҳои кӯдаконаи шаҳр будаасту ҷиҳати қарздор мондан аз пардохти ҳаққи маводи хӯрока ҷон ба лаб омадааст.
Ҷузъиёти бештари ҳодисаро дар даст надорем. Мо хабари мазкурро пайгирӣ карда, барои хонанда дар лаҳзаҳои минбаъда иттилоъ хоҳем дод.