Табибони шаҳри Фусзянь, дар пешонии бемор бини сабзониданд.
Фучжоуи 22 - сола соли гузашта ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, биниаш шикаст.
Бинобар сабаби сари вақт ба табибон муроҷиат накардан ӯ мубталои бемории роҳи нафас ва дарди шадиди гулӯву бинӣ шуд.
Баъди гузаштани як муддат ва шиддат гирифтани бемориаш ба хулосае омад, ки бояд дар бораи ин бемориаш ба ягон беморхона муроҷиат намояд.
Пас аз муроҷиати бемор табибон ба хулосае омаданд, ки бояд бемор ҷароҳии пиластикиро аз сар гузаронад, зеро қисми зиёди биниии ӯ алакай ҳамвор шуда истодааст. Табибон ҳамзамон гуфтанд, ки аз сабаби сахт ҷароҳат бардоштани биниаш ҳатто ҷароҳии пластикӣ ҳам барои барқарор кардани он кӯмак карда наметавонад. Аммо Фучжоу барои табобаташ исрор кард ва табибон баъди машварати зиёд кашфиёте аҷибе карданд.
Онҳо хостанд аз пӯсти бинии бемор ва устухонҳои қисмати пешонии ӯ гирифта, дар ҷойи ҳамворшудаи бинӣ часпонанд. Тибқи хулосаи табибон “пӯсту устухон дар пешонии бемор бо ҳам омезиш ёфта, бинӣ ба вуҷуд меорад. Баъди ин табибон метавонанд онро тарошида дар ҷойи ҳамворшудаим болои лабҳо пайваст кунанд“.
Фучжоу айни ҳол нафари ягонаест, ки ин ихтирооти беназир ва боварнокарданиро дар худ санҷиш кардааст. Ӯ, инчунин, якумин шахс дар рӯи дунё мебошад, ки ҳамчун инсони дорои ду бинӣ дар тамоми сайёра шуҳрати беандоза пайдо кардааст. Худи Фучжоу дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст: “Қариб нуҳ моҳ боз ман бо як бинӣ дар пешонӣ мегардам. Албата бо ин шакл гаштугузор кардан миёни ҷомеа хеле сахт аст, зеро ҳар як нафаре, ки аз назди ту мегузарад, ҷонибат бо чашми ҳайрат менигарад, ё бо ангушташ аз дурӣ тарафат ишора мекунад. Ман боварӣ дорам, ки рӯзе ҳамаи ин азобҳо анҷом меёбанд ва ман ба мақсади худ мерасам. Инак, бинии ман дар пешониам нӯҳ моҳ боз истодааст ват боварӣ дорам, ки рӯзҳои наздик он тавасути ҷароҳии пластикӣ ба ҷои бинии аслиам насб мешавад”.
Эркин Одинаев: Эй Худо, ҳоли муҳоҷирбудагон вазнин аст… (видео)