Formula novemver 2024
Табиб, гӯштингир ва футболбоз
1038
Сӯҳроб Сатторови 31-сола ҷавони муваффақест, ки аллакай дар соҳаи дандонпизишкӣ роҳу равиши корро ёфтааст.
 
Ӯ хатмкардаи факултаи дандонпизишкии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, 8 сол мешавад, ки ба табобати дардмандон машғул аст.
 
Чун маҳорату малака ва лаёқати зиёд дорад, соли 2023 ба ҷоизаи “Беҳтарин табиби ҷавон дар шаҳри Истаравшан” сазовор гаштааст. Хабарнигорамон бо ин ҷавони муваффақ ҳамсӯҳбат шуда, атрофи фаъолияти касбӣ ва зиндагии ҷолиби ӯ баҳри хонандагони сомонаи матлаб омода кард.
 
Оилаи табибон Сӯҳроб Сатторов дар оилаи дандонпизишки номӣ Рустам Сатторов таваллуд шуда, ба камол расидааст. Чун падараш табиб буду пайваста баҳри омӯзишу такмили маҳорату малакааш китобҳои тиббӣ мехонд, Сӯҳроби хурдсол ҳам аз он баҳра мебурд.
 
Вале замоне, ки ба синни камолот расид, хост соҳаи ҳуқуқшиносиро интихоб карда, дар ин ришта таҳсил намояд.
 
Аммо он меҳре, ки аз хурдӣ ба касби табибӣ дошт, нагузошт, ки домони дигар соҳаро гирад. “Ман ин соҳаро хеле душвор ва дер интихоб кардам. Дар аввал мехостам ҳуқуқшинос шавам. Вале, азбаски дар оилаи мо ҳама табиб ҳастанд, боз хостам ҳамин соҳаро интихоб кунам.
 
Аслан ҳанӯз аз овони хурдсолӣ меҳри табибӣ дар дилам ҷой дошт. Ҳар гоҳе, ки ба назди падарам мерафтам, нафарони зиёд пас аз табобат ёфтан ба ӯ изҳори сипос намуда, дар ҳаққаш дуои хайр мекарданд.
 
Аз ин рӯ, дар ҳамин пешаи пурифтихор таҳсил кардам”, - нақл кард ҳамсӯҳбати мо. Назар ба гуфти қаҳрамони мо, падараш таҷрибаи кории зиёд дошта, дар дармонгоҳи стоматологии “Сапфир”-и шаҳри Истаравшан кор мекунад.
 
Сӯҳроб бо вуҷуди он ки имрӯз бемористони хусусии худро дорад, назди падар рафта, ҳанӯз таҷриба меомӯзад. Сӯҳроб в ғайр аз он, ки гоҳ-гоҳ аз падар таҷриба меандӯзад, ҳамзамон, назди дӯстону рафиқони пизишкаш ба шаҳри Хуҷанд рафта, ихтисосашро такмил медиҳад.
 
Ғайр аз ин, борҳо дар курсҳои омӯзишӣ дар кишваҳои Русияву Узбекистон низ таҳсил кардааст. “Вақте, ки барои саёҳат ба Дубай, Абу-Даби, Россия, Миср, Шарм-ал-Шейх ва дигар ҷойҳо рафтам, ҳатман дармонгоҳҳои дандонпизишкии он ҷойҳоро дидам ва муқоиса кардам, ки дармонгоҳҳои мо назар ба беморхонаҳои дигар кишварҳо чӣ гуна аст.
 
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки Тоҷикистон дар ин соҳа баробари кишварҳои пешрафтаи олам қарор дорад. Вақте ки дар мастер-класҳо иштирок кардам, он ҷо табибони сину соли гуногун ширкат доштанд.
 
Ҳамон ҷо ба хулосае омадам, ки табиб бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм бошад”, - изҳор дошт ин табиби ҷавон. Ба қавли қаҳрамони мо, табиб бояд ҳеҷ гоҳ аз ҷустуҷӯ ва таҷриба андӯхтан даст накашад, зеро ҳамарӯза дар соҳаи тиб навгониҳои зиёд ба амал меоянд ва онро донистани табиб зарур аст.
 
Дандонҳо ҳам парвариш мехоҳанд Дандон яке аз узвҳои муҳими инсон буда, дар баробари он ки тамъи ҳама чиз бо он лазизтар аст, ба кас зебоӣ мебахшад. Аммо пӯсидану дардманд шудани ин узви ҳаётан муҳим ҳама касро нороҳат месозад.
 
Албатта дардманд шудани дандонҳо аз беаҳмиятии худи одамон аст. “Дандонҳо ҳам парвариш мехоҳанд. Аксарияти мардуми мо нисбат ба дандонҳояшон беаҳамиятанд. То дарди дандон нашаванд, назди табиб намеоянд.
 
Инсон бояд саломатии худро дар ҷойи аввал гузорад. Дар як сол ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарад, то солимии дандонҳояш бардавом монанд. Барои солим нигоҳ доштани дандон дар як рӯз ду маротиба - саҳар ва бегоҳ пеш аз хоб шустани онҳо ҳатмист.
 
Агар беҳдошти ковокии даҳон хуб бошад, ғизоҳои сервитамин истеъмол намоянд то дандонҳо камтар ба бемориҳо гирифтор шуда, талаф наёбанд”, - таъкид кард қаҳрамони мо.
 
Боз як истеъдоди дигар Сӯҳроб Сатторов дар баробари дандонпизишки муваффақ будан пайваста ба варзиш ҳам машғул мешавад. Ӯ ҳанӯз дар овони мактабхонӣ дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил гардида буд.
 
Мавсуф аз рӯйи намуди варзиши гӯштин 3 маротиба чемпиони шаҳру вилоят ва 1 маротиба ҷумҳуриявӣ гаштааст. “Солҳо дар намуди варзиши гӯштин тамрин кардам. Имрӯзҳо дар вақти фориғ аз кор ба бозии футбол машғул мешавам.
 
Футбол ба кас қувва бахшида, асабҳоро ором месозад. Барои солимии тамоми бадан бозии футбол хеле муфид аст. Ин бозии ҷоҳониро аз хурдӣ дӯст медоштам”, - гуфт Сӯҳроб.
Қаҳрамони мо борҳо дар дастаҳои яккачини шаҳри Истаравшан ва Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан бозӣ кардааст, ки дар бештари маврид ғолибият ба даст овардаанд. 
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД