Arzon march 2024
Табассум ва шукрона-калиди хушбахтӣ
09.07.2022
НОДИРА
2993


Баъзан зиндагӣ одамро месанҷад то бифаҳмад, ки то чӣ дараҷа таҳаммул дорад, аммо ту ба рӯяш дар ҷавоби ин санҷиш табассум намо!

Ин ҷо ханда кардан ба маънои рамзӣ омадааст, албатта вақте гиря гулӯятро мегирад, наметавонӣ бихандӣ, ин табиати одам аст. Аммо худро ба кори дигаре андармон кардану раҳоӣ ёфтан аз фикрҳои номатлуб осон ҳам набошад мумкин аст.

Яъне, абрҳои сиёҳи андуҳро аз фазои хонаву дилу зиндагият бирон то офтоби шодмонӣ шӯълапошӣ кунад.

Барои он чӣ гузаштааст, асло ғам махӯр, зеро онро тағйир дода наметавонӣ, чунки ба гузашта баргаштан ғайриимкон аст.

Ҳар субҳ дар оина ба худат бо табассум нигар ва бигӯ «ман хушбахтам, зеро парвардигорам боз як рӯзи дигарро ба ман насиб донист». Шояд садҳо нафари дигар дар орзуи дидани ин субҳи босафо буданд, вале надиданд.

Дар ин дунё бисёртар ба касоне бовар мекунанд, ки зебо дурӯғ мегӯянд, на ҳақиқатгуфторҳо, бигузор ба ту бовар накунанд. Муҳимаш ба худат бовар намо!

Зиндагӣ имтиҳон аст, аз куҷо медонӣ зарбаи навбатияш кай ба ту мерасад? Барои ҳамин ҳамеша устувор бош!

Ҳамсӯҳбати инсонҳое бош, ки ҳамеша аз накӯиҳо сӯҳбат мекунанд, аз аҳли ғайбат дурӣ биҷӯй!

Вақте ки дар сангҳои ба рӯйи раҳ гузоштаи бадхоҳонат пеши по хӯрда меафтӣ, рӯҳафтода машав! Ба ёд биёр, чӣ қадар афтода ва хестӣ, бархез, захмҳо шифо меёбанд ва ин боз як дарси устуворият мегардад!

Муҳим нест, ки киҳо туро шикастан мехостанд… Бо ин амалашон ба ту гуфтан мехостанд, ки ту чӣ қадар нотавонӣ, аммо ту тавонистӣ ва бархостӣ, яъне ба худат боварӣ доштӣ!

Боварӣ ба худатро ҳеҷ гоҳ гум макун, ин дар тӯли ҳаёт ягона силоҳ ба муқобили пастфитратону палидон аст!

Табассум намо, новобаста аз он ки ҳавои хотират абрист ё софу беғубор!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД