gazprom august 2025
Табари 1,5 миллионсола
07.09.2025
Oila.tj
211

Гурӯҳи олимони Белгия аз Донишгоҳи озоди Брюссел (VUB) дар натиҷаи таҳқиқот дар биёбони ғарбии Ироқ асбобҳои сангии қадимаро пайдо карданд, ки синнашон то 1,5 миллион сол мерасад. Дар ин бора сомонаи расмии донишгоҳ иттилоъ додааст.

Тадқиқот дар минтақаи Аш-Шабака анҷом ёфт. Ин маҳал дар давраҳои қадим як кӯли бузург доштааст, ки баъдан хушк шуда, нишонаҳои қадимаи ҷӯйборҳои обӣ боқӣ мондаанд. Дар ҷараёни экспедитсия ҳафт ёдгории давраи палеолити барвақт ва миёна ошкор шуданд.

Археологҳо беш аз 850 олоти сангӣ пайдо карданд, аз ҷумла табарҳои дастии давраи палеолити барвақт (1,5 миллион сол қабл) ва пораҳои сангии усули Леваллуа (300–40 ҳазор сол қабл), ки барои корҳои дақиқ истифода мешуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД