Моҳи апрел барои сокинони Остона ва манотиқи шимолии Қазоқистон сюрприз кард.
Ҳаво, ки то рӯзи панҷшанбеи гузашта наздик ба 18 дараҷа гарм буд, рӯзи ҷумъа якбора тағйир ёфт. Нахуст борони андак борид, баъд шамол шиддат гирифт ва шомгоҳон тӯфони барф оғоз шуд, ки бар асари он дар панҷ минтақа роҳҳо баста шуданд. То субҳи рӯзи шанбе пойтахти ин кишвар аллакай сап-сафед буд.
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон ин вазъият дар чанд рӯзи оянда низ идома хоҳад ёфт. "Дар Остона хадамоти коммуналӣ аллакай корҳои тоза кардани шаҳрро аз барф оғоз намуда, беш аз ду ҳазор роҳсоз ва ҳудуди 1000 воҳиди техникаи вижа ба тоза кардани барф ҷалб карда шудаанд", - навишт сомонаи ҳукумати Остона.
Ёдовар мешавем, ки шаби 8 ба 9 уми апрели соли 2020 дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон низ барф борида, замину теппаҳоро сафед карда буд.
Он замон коршиносон гуфтанд, ба далели резиши барф дар фасли баҳор замони кишту кор ҳам ба таъхир афтод. Мардуми деҳқон он сол бо сабаби боридани барфи баъд аз Иди Наврӯз ҳудуди як моҳ мавсими кишти зироатҳои баҳориро дер оғоз карда буданд.
Имсол бошад, дар ин моҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон барф борид. Боридани он шаби 3-юми апрел сурат гирифта, то субҳ аллакай ҳамаи ҷойро сафед карда буд.