Табиат баъзан бо “шӯхиҳо”-и худ моро дар ҳолати ногувор мегузорад. Боридани барф дар Шӯробод аз ҷумлаи ҳамин инҷиқиҳои табиат аст, ки касе интизораш набуд...
Шаби гузашта дар Шӯробод барф боридааст. Дар ин бора Шаҳрияи Мадгиё, яке аз сокинони ноҳияи Шӯробод ба кормандони сомонаи Оила. ТЧ хабар дода, чанд аксро аз резиши барф фиристод.
Тибқи гуфтаи Шаҳрия барф шабона ба боридан оғоз кардааст, вале айни замон ҳаво дар Шӯробод офтобӣ аст.