Arzon march 2024
Султон Косен дарозтарин инсони ҷаҳон
10.12.2022
ОИЛА
698


Бар асоси китоби рекордҳои Гиннес, шаҳрванди 39-солаи Туркия Султон Косен, ки қадаш аз 2 метру 44 сантиметр гузаштааст, баландтарин фарди ҷаҳон эътироф шудааст.

Қади Султон расо 2 метру 47 сантиметр аст. Ин марди қоматбаланд 10 - уми декабр 40-солагии худро ҷашн мегирад. Соли 2010 Султони қоматбаланд шахсан ба Лондон сафар карда буд, то номи худро дар китоби рекордҳои Гиннес сабт кунад.

Султон Косен назар ба рекордсмени пештара Бао Сиси 10 см баландтар аст.
Албатта доштани қомати баланд дар зиндагӣ ҳама чизро тағйир медиҳад. Дар нишасти матбуотие, ки Султон баргузор карда буд, аз бартариву манфии зиндагии бидуни манзил ва орзуҳояш ба дигарон нақл кард.

Ӯ гуфта буд, ки мехоҳад ҷуфти муносиби худро пайдо намояд. Вай аз он умедвор буд, ки машҳур шуданаш ва ба китоби рекорд дохил шуданаш барояш кумак менамояд.

Ӯ бо ин қади худ наметавонад ба дилхоҳ ҷой сафар кунад ё либосеро, ки писандаш аст ба бар намояд. Дар сӯҳбат Султон гуфтааст, ки барои ёфтани либоси ба худ мувофиқ доиман азият мекашад.

Вай шим костюми худро нишон дода — «Ин яке аз чанд либосе буд, ки ба ман мувофиқ аст», — гуфтааст Султон. Барои Султон Косен ба мағоза даромада, либоси ба худ мувофиқро ҷустуҷӯ кардан маъно надорад.

Аз ин рӯ ӯ либосҳояшро ба тарроҳон фармоиш медиҳад. Ҷойи хоб низ барои Султон як мушкилии дигар аст, аз ин рӯ вай дар кати семетра мехобад.

Барои гаштугузор дар дохили хона низ Султон мушкили мекашад. Аз сабаби бузургии баданаш буғумҳои зонуаш заиф шуда, Султон бо асобағал қадам мезанад.

Чунин қад барои Султон аз манфиатҳо низ орӣ нест." Аввалан, одамонро хатто аз масофаи дур мебинам. Сониян, ман дар ин кадар баландй хатто чарогхои сухтаро метавонам ба ҳузур бинам." - мегӯяд ӯ.

Султон Косен Айни ҳол оиладор аст. Ба тӯйи хонадоршавии ин марди қоматбаланд бисёре аз сиёсатмадорони маъруф, аз ҷумла Абдулло Гул ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ширкат варзида буданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД