arzon replenishment
Суғд: Нисбати 74 фисади занону духтарон дар оила зӯроварӣ дида мешавад
1178

Аз миёни мардоне, ки дар як пурсиш иштирок доштанд, муайян гардидааст, ки 74 фисади сардорони хонавода гуфтанд, ки занону духтарон дар оила бештар ба зӯроварӣ дучор мегарданд. Зӯроварии равонӣ ва иқтисодӣ нисбати духтурон дар вилояти Суғд 81 фоизро ташкил медиҳад.
Тадқиқоте, ки аз тарафи Лоиҳаи БРСММ "Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат" дар Тоҷикистон гузаронида шудааст, муайян карда шудааст, ки ҷои аз ҳама зиёде, ки занону духтарон ба зӯроварӣ гирифтор мешаванд, оила аст.
Сезин Синаноглу , Ҳамоҳангсозӣ доимии СММ дар Тоҷикистон дар як нишаст, ки дар доираи 16 рӯзи амал алайҳи хушунат ва зӯроварӣ дар оила, доир ба намуд ва дараҷаҳои ҳимоят, ҷонибҳои ҳамкор ва барқарор намудани телефони боварӣ изҳори назар намуда, ҳамчунин илова гардид, ки хушунат болои занон ва ҳимояи онҳо аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад. “Баробарии гендерӣ, ин ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи башар аст ва ба тамоми инсонҳои рӯи замин таалуқ дорад. СММ дар Афғонистон ҳузур дорад ва тамоми кушишҳои худро ба он равона мекунад, ки тамоми мардуми ин кишвар аз ҳуқуқҳои лозимӣ бархурдор бошанд. Бояд ҳуқуқи тамоми занону духтарон дар Афғонистон ҳимоя шаванд”, гуфт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки дараҷаҳои ҳимоят фарқ мекунад. Чораҳое, ки мо пеш гирифтаем, пеш аз ҳама бо ҳукумат кор мекунем, то ин ки тамоми қонунгузориҳое, ки дар ин замина вуҷуд дорад, тадбиқ шавад. Аз тарафи дигар бо вазоратҳо , идораҳо ва дигар ниҳодҳои марбутаи кишвар ҳамкорӣ менамояем, то ин ки ҳуқуқи озодиҳои занон духтарон дар сатҳи поени ҳам таъмин шавад. Дар баробари ин бо мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҳамкорӣ дорем. Рӯзҳои наздик барои қурбониёни хушунат телефони боварии 13-13 дубора фаъол мегардад ва нафароне, ки ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешаванд, метавонанд тавассути ин рақам шикояти худро расонанд.
Тибқи тадқиқоте, ки аз тарафи Лоиҳаи БРСММ "Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат" дар Тоҷикистон гузаронида шудааст, муайян карда шудааст, ки ҷои аз ҳама зиёде, ки занону духтарон ба зӯроварӣ гирифтор мешаванд, оила аст. Аз миёни мардоне, ки дар ин пурсиш иштирок доштанд, 74 фисадашон инро тасдиқ карданд. Зӯроварии равонӣ ва иқтисодӣ нисбати духтурон дар вилояти Суғд 81 фоизро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД