Sebiston new 2024 october
Стресс ожангҳои рӯйро зиёд мекунад
1617

 

Вақте ки ҷисми инсон дар ҳолати изтироби давомноки шадид, яъне стресс қарор мегирад, ҳолати пӯсти рӯй чӣ гуна мешавад?

- қобилияти аз нав барқароршавии ҳуҷайраҳои пӯст халалдор мегардад;
- коркарди коллаген кам мешавад;
- чину ожангҳои пӯст зиёд мегардад;
- изтироби шадид ва воҳима боиси тангшавии рагҳо гашта, ҳуҷайраҳо ҳаворо хуб қабул нмекунанд ва пӯст тароваташро гум мекунад;
- кортизол яку якбора рагҳои хунгардро васеъ мекунаду, дар пӯсти рӯй рагчаҳои сурх намудор мегардад;
- фишори руҳӣ қобилиятҳои муҳофизатии пӯсти рӯйро маҳдуд месозад.

                  Фишори руҳӣ ва нарак
Дар ҳолатҳои сар задани фишори руҳӣ ҷисми инсон ҳормони кортизол ва адреналин хориҷ мекунад.
Кортизол ба кори ғадудҳои чарбӣ таъсир расонида, сабабгори бештар чарб баровардани пӯст мегардад, ки дар натиҷа сӯрохиҳои пӯст маҳкам шуда, барои пайдоиши микробҳо замина мегузорад ва бар асари он пӯсти рӯй нарак пайдо мекунад. Маҳз бо ҳамин сабаб қабл аз чорабинии муҳим ё дар ҳолати ҳаяҷон қарор доштани инсон дар пӯсти рӯй нараку доначаҳои сурх пайдо мешавад. Илова бар ин, кортизол кори рӯдаҳоро халалдор намуда, дар натиҷа нарак дар пӯсти рӯй зиёд мешавад.

              Наракро чӣ гуна пешгирӣ кунем?
Барои пешгирӣ намудани пайдоиши нарак дар пӯст аз маҳлулҳои спиртдору хушкунанда истифода бурдан лозим нест, истифодаи чунин маҳлулҳо боиси осеб дидани пӯст ва илтиҳоб ёфтани он мегардад.
Ҳамзамон скрабро истифода набаред, зеро аз таъсири скраби дағал пӯст осеб ёфта, боиси пайдоиши нарак мегардад.
• Истифода бурдани чуткачаҳои рӯйпокизакунӣ низ сабабгори аз як мавзеъ ба мавзеи дигари пӯст паҳн шудани илтиҳоб ва дар натиҷа пайдоиши нарак мегардад.

                             Чӣ бояд кард?

1. Зиндагӣ бе пастиву баландӣ намешавад, ба ҳар мушкилии сарзада диққат надиҳед.
2. Баъдан ба табиб муроҷиат намуда, аз ташхис гузаред. Ҳатман аз ташхиси табиби эндокринолог гузашта, ғадуди сипаршаклро ташхис намоед.
3. Дар ҳолати зарурӣ табиб ба шумо дорувориҳои махсуси таскинбахш, ки аз гиёҳҳо омода шудаанд, тавсия медиҳад.

                Витамин истеъмол кунед
Бо мутахассис маслиҳат карда, витамину микроэлементҳои барои солимии пӯст муқарраршударо истеъмол намоед. Бештар ба витаминҳои зерин диққат диҳед:
• Витамини В3 ё РР (ниасин). Ҷавҳари никотини таркиби витамини В ба кори асаб ва ғадуди сипаршакл таъсир расонида, ҳормони стрессро бартараф месозад. Ниасин ожангҳои пӯстро ҳамвор ва варамро рафъ месозад.
• Витамини А. Витамини мазкур дар мубодилаи моддаҳо ва азнавшавии ҳуҷайраҳои пӯст ширкат меварзад, ки барои пӯсти ба стресс гирифторшуда хеле муҳим аст. Витамини А мувозинаи обро дар пӯст нигоҳ дошта, онро ҳамвор месозад.
• Витамини Е — ҷараёни пиршавии пӯстро ба таъхир гузошта, сурхиҳояшро бартараф менамояду ғизо бахшида, нарм мекунонад.
• Витамини D3. Витамини мазкур равғанро об кунонида, пӯстро ботароват ва нафис мегардонад.
Магний — асабро ором ва ҷисмро ба стресс тобовар месозад.
Синк — равғаннокии пӯстро бартараф месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД