Соли нави мелодӣ яке аз идҳои дӯстдоштаи мардумони кишварҳои собиқ Шӯравӣ буда, аксарият онро беқаророна интизорӣ мекашанд.
Одамон бо дасту дили гарм дастурхони зебои пур аз ғизову хӯришу шириниҳои рангоранг ороста, дар ҳалқаи пайвандон ва дӯстони содиқи худ бо ҳазлу шӯхиву ханда соли навро истиқбол мегиранд, то ки тамоми сол умрашон бо хушиву хурсандӣ гузарад, вале баъзан соли нав дар баробари хушбахтӣ бадбахтӣ ҳам меорад. Фоҷиае, ки дар рӯзи соли нав ба сари як марди 38-солаи Ваҳдатӣ омад, дар дили пайвандонаш захми хуншоре ниҳод, ки доғи он солҳои сол фаромӯш нахоҳад гашт...
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 39-солаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти мудҳиши куштор хабар додааст. Ин марди суғдӣ дар рӯзи соли нав, санаи 1-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 14.00 бо як марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даст ба гиребон шуда, дар ҷараёни ин муноқишаи фалокатбор рақибашро бӯғӣ карда куштааст.