Sebiston new 2024 october
СОЛИ АВВАЛ-СОЛИ КАЛИДӢ
666

СОЛИ АВВАЛ-СОЛИ КАЛИДӢ

Соли аввал на танҳо барои модар, балки барои тамоми аъзоёни оила давраи душвортарин аст. Дар давраи кӯдакӣ модар доираест, ки ҳама чиз дар он давр мезанад. Ҳарчанд маълум аст, ки кӯдак тамоми вақт таваҷҷӯҳи модарро соҳиб аст аммо шумо бояд ба кӯдак наздик шавед, ӯро ба оғӯш гиред, бо ӯ меҳрубонона сӯҳбат кунед, табассум кунед. Бовар кунед, дар ҳамин давра таҳкурсии асосии шахсият гузошта мешавад.

РОБИТАИ ПАДАРУ МОДАР ДАР РУШДИ КӮДАК

Агар кӯдак аз хурдӣ бубинад, ки байни падару модарон созгорӣ, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад, ӯ ором ба воя мерасад ва дар зеҳни ӯ намунаи оилаи ояндаи худи ӯ ташаккул меёбад.

КӮДАК ДАР ХОНА ҲАМ ШОДӢ ВА ҲАМ ТАШВИШ АСТ

Албатта, кӯдаки хурдсол на танҳо шодиву ханда, балки ташвиши зиёду нигарониро ба бор меорад. Ӯ кунҷков ва инҷиқ аст, аммо агар зану шавҳар якҷоя бошанд, дар оила ҳеҷ гоҳ нофаҳмӣ ва хасташавии як нафар ба вуҷуд намеояд. Дар ба воя расонидани кӯдак бояд саҳми падар низ назаррас бошад.

ИНРО БОЯД БА ЁД ДОШТ ВА РИОЯ НАМУД

Мутаассифона, оилаҳои муосир баъзан фаромӯш мекунанд, ки ба кӯдаки худ вақту таваҷҷуҳро кам кардаанд. Ҳуқуқ ба занони коргар имконият додааст, ки се солро бо кӯдак гузаронанд. Бинобар ин занҳо бояд аз ин имконот истифодаи пурра бурда, ҳар дақиқаи солҳои аввалро бо кӯдакони худ хуш гузаронанд.

ШУМО АЗ КӮДАК ИНСОНИ КОМИЛ БИСОЗЕД

Шумо ҳаёти нав эҷод мекунед! Бе саҳми шумо кӯдак он қадар қавӣ, зебо, доно ва пешрафта намешавад.

Агар худи шумо волидони хушбахт ҳастед, пас фарзанди шумо дар оянда одами хушрафтору дилсӯз хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД