Сӯхтор дар мактаби №90-и шаҳри
Душанбе аз “разетка” сар задааст
Имрӯзи 2-юми август дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №90-и шаҳри Душанбе, ки дар ноҳияи Сино воқеъ гаштааст, сӯхтор сар зад. Директори мактаби мазкур Шаҳноза Восидова зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки сӯхтор аз “разетка” сар шуда, оташ масоҳати 15 метри мураббаъро фаро гирифтааст, вале нигаҳбони мактаб сари вақт огоҳ шуда, барои хомӯш намудани сӯхтор тамоми кори аз дасташон меомадаро кардаанд, то ки алангаи оташ ба тамоми бино паҳн нашавад.
“Нигаҳбон то омадани оташнишонҳо қариб 90% -и оташро хомӯш кардааст. Зарари расида ҳамааш барқарор карда шуд”,- гуфтааст директори мактаб.
Сарраёсати оташнишонии ВКД ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст, вале сабабҳои сӯхтор ва хисороти он аз ҷониби мақомоти марбута мавриди санҷиш қарор мегирад.