Formula novemver 2024
СӮХТОР 24 ДӮКОНРО ХОКИСТАР КАРД!
2765

Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, ки шаби 22 июли соли равон, соати 00:2а, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Деҳқон», маъруф ба Гипрозем, ки дар кӯчаи Борбад 15 - и ноҳияи Сино ҷойгир аст, дар масоҳати 134 метри квадратӣ сўхтор ба амал омад.

Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки шумораи зиёди одамон дар берун аз даромадгоҳи бозор ҷамъ шудаанд. Оташ дар дохили бозор аланга мезанад ва дуди он ба ҳаво мепечад.

Бино ба гуфти “Радиои Озодӣ” сӯхтор асосан дар қисмати аввали бозор – ҷойи фурӯши маводи хӯрока сар задааст. Ба гуфтаи ӯ, оташ аз қисмати аввали дӯконҳои фурӯшии маводи хӯрока оғоз шуда, паҳн шуда, ба қисматҳои дигар, аз ҷумла растаи гуштфурӯшӣ низ расидааст.

Ин сӯхтор 16 нуқтаи савдоро ба таври пурра ва 8 нуқтаи савдоро қисман фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар биноҳои дар паҳлӯи бозори «Деҳқон» ҷойгирбударо ба миён овард. Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ - оташнишонӣ ҳодисаи сӯхтор аз соати 01:14 то соати 01:27 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Муйян карда шуд, ки зарари расонидашуда аз ин ҳодиса тақрибан 35 000 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии яхдон дар нуқтаи савдои №42, ки ба соҳибкори инфиродӣ Идиев Дилшод Ҳақдодович, сокини шаҳри Душанбе, тааллуқ дорад, мебошад. Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД