Давомаш ...
Шогирдонам аз он деҳаи дурдаст ба суроғам меомаданд, бо онҳо ҳам гап намезадам, гӯё он деҳаро бо ҳама аҳолияш сел бурда бошад, бароям вуҷуд надошт. Ба ҷинси мард нафрат дорам, имрӯз умрам ба чилу панҷ дакка мехӯрад, аз пешинаҳо дида зеботарам, аммо ба рӯи ягон мард намехандам.
Кампири модарам бо шӯхӣ маро ҳайкали нанг мегӯяд, худамро дӯст медорам, корамро дӯст медорам, духтарамро чунон калон кадам, ки дар дили Аврупо ҳам мехонад, ҳам пул кор мекунад ва аллакай дар пойтахт барояш хонаи алоҳида харидаам.
Дар издивоҷ озодаш гузоштаам, ба касе мехоҳад ба шавҳар барояд, зеро ман ба ӯ бовар дорам. Беҳуда нагуфтаанд, ки пушти пардаи комёбиҳои як зани муваффақ як номарди хабис истодааст.
Бумеранг
Шояд ин қисса рӯи коғаз намеомад, зеро кайҳо дардашро кашидааму фаромӯшаш кардаам, агар Райҳон наздам намеомад. Дар дафтари кориям машғули корҳои рӯзмараам будам, котиба гуфт, ки як зани деҳотӣ шуморо мепурсад, хешатон будааст, муҳофиз аз дар даромадан намондааст, чӣ кор кунам? Фикр кардам, ки зани муҳтоҷе маҷбур шудаасту худашро хеши ман гуфтааст ё ягон корафтода бошад… Майлаш дарояд гуфтам беихтиёр.
Баъд аз чанд лаҳза зани харобу сиёҳе вориди кабинетам шуду ба ҷойи салому алейк худашро ба пеши пойи ман, ки ба пешвозаш хеста будам, партофта бо овози ҳазин гуфт:
- Маро бубахш, Садафҷон, туро аз рӯи рашку ҳасад тӯҳмат кардаму дар балои азим гирифтор шудам...
Ман Райҳонро шинохтам, ӯро боиси сияҳномиву бадбахтиямро аз пеши поям бардоштам ва рӯйи курсӣ шинондам. Барояш об рехта додаму гуфтам:
- Ба ман бахшиши ту даркор нест, ман туро дуои бад ҳам накардаам, танҳо аз додаршӯят хафа шудам, ки ба тӯҳмати ту ва хоҳарат бовар кард. Акнун аз кабинети ман баро ва роҳи инҷоро фаромӯш кун, туро Худо бахшад, аммо Райҳон мегиристу маро маҷбур мегард, ки ӯро гӯш кунам.
Авфталаб
Баъди рафтани ту як сол пас хусурам, баъди ӯ хушдоманам дунёро тарк карданд. Гулрӯро ба шавҳар додем, Саид ба назди Мирзонаим Русия рафту онҳо дигар ба Тоҷикистон барнагаштанд. Тӯҳмати туро ман бо Гултура ташкил кардем, хоҳарам ҳангоми бо ту хобидан суратҳоятро гирифту ба як шиноси дар зиндонбудааш фиристод, онҳо суратҳоро ба Мирзонаим равон карданд.
Хусуру хушдоманам то дами охир бо ман ҳарф намезаданд, ғами ту онҳоро кушт. Ман ҳамеша шавҳарамро мегуфтам, ки туро аз Садаф мефорад ва ӯ баъди рафтани ту тӯҳмати зани додарам кори туст гӯён, аз ман дилсард шуд ва аз болоям як муаллимаи аз шавҳараш ҷудошударо ёфта гирифт.
Писарамро зан додам, келинам маро чашми дидан надорад, духтарам шавҳар кард, ҳангоми дар мардикорӣ будани шавҳараш ӯ бо ҳамсояи онҳо гап зада, беақлӣ мекунад ва ӯро ҳамсояҳои дигарашон ба навор гирифта, дар интренет мемонанд, шармандаи русиёҳ шудам.
Шавҳарам талоқамро доду ҳамроҳи зани дуюмаш ба Русия назди бародаронаш рафт, имрӯз дар ҳавлии калон байни писару келинам ва духтари бо ду кӯдак гашта омадагиям нозирам.
Гултура бемории саратон шуда, сиёҳпичча шуд, дар бадани ман доғҳои сафед пайдо шудаанд, ҳама аҳли қишлоқ мегӯянд, ки боиси хонавайронии Садафу Наимҷон шудӣ, Худо зад туро, ман пеши ту тавба кардан омадам, маро бубахш! Наимҷон имрӯз дар Русия кори хуб дорад, мегӯянд бо духтараш мукотиба мекунад. То ҳол зан нагирифтааст…
Ман ӯро шунидам ва бе ягон гапу ҳарф гуселаш кардам, гумон мекунед баъди рафтани ӯ гиристаму ёди гузашта кардам?! Не…
Ман дар имрӯзам зиндагӣ дорам, гузаштаро кайҳо раҳо кардам. Ҳатто хабари бо духтарам мукотиба доштани падараш таъсире накард бароям, бигузор, агар рост бошад, ин зиндагии онҳост!
Анҷом