arzon replenishment
Сияҳном (қисми 4)
2185

Давомаш ... Аввалашро дар саҳифаи Қиссаи шаб хонед.

- Бачам тоқат кун, ҳамин, ки шавҳарат омад, равед ба хонаи худатон, дар ҳамон пораи замин барои инҳо ҳам хона месозаму аз ин каждум халос мешавам, дилу ҷигарамро хӯрд….

Райҳон як хоҳари аз шавҳараш баромадагӣ дошт, ки зуд-зуд ба хонаамон меомад, аз рафтораш маълум буд, ки одоби хуб надорад. Райҳон аз ман хоҳиш кард, ки ба хоҳараш дӯзандагӣ омӯзам ва ман ба хотири хуб шудани муносибатҳояш розӣ шудам.

Гултура мошинаашро гирифта, дар хонаи ман сокин шуд, ӯ шабу рӯз бо телефон бо мардони бегона сӯҳбат мекард. Маро масхара мекад, ки занаки дипломдор телефон надорам, ман ба ӯ гуфтам, ки телефони очаам бас аст, аз ҳамун гап мезанам!

Боре Гултура дар омади гап ба ман гуфт, ки аммаам мехост маро барои Мирзонаим келин кунад, аммо ту ӯро қапида, зӯран аз худ кардӣ. Ростӣ, қаҳрам омаду ба ӯ гуфтам, ки “ман ягон касро қапида зӯран аз худ накардаам, Наимҷон худаш ақл дорад!”

Решаҳои бадбинии Райҳонро акнун фаҳмидам ва зуд ба қавли модарам думи Гултураро «қайчӣ» кардаму гуфтам, ки ту дар як моҳ натавонистӣ чизеро аз худ кунӣ, ман дигар ёдат намедиҳам ва ӯ рафт.

Тӯҳмат

Як бегоҳ мувофиқи фармудаи хусурам тушбера кардаму нав кашида будам, ки мошине назди хона қарор гирифту аз он Наимҷон берун шуд, ман аз дидани ӯ шодон наздаш давидам. Ӯ маро тела дода, бо овози баланд гуфт:

- Рафта, ҳама чизу чораатро ҷамъ кун, духтаратро ҳам гир, хонаи волидонат меравем!- Ӯ бо падару модараш ҳам салом накард, ман намедонистам чӣ бигирам ва чӣ не…

То ба худ омадам, ки алаккай аз қишлоқ баромада будем, Наимҷон то расидан ба шаҳр чизе намегуфт, фақат аз ронандаи таксӣ узр пурсида, сигор пайи сигор дуд медод.

Чун ба хона расидем, ӯ маро назди падару модарам дароварда, бо онҳо ҳам салом накард ва як бандча пулро ба падарам дода, ин қарзатон гуфт. Баъд аз телефонаш суратҳои маро, ки дар хонаи худамон дар рахти хобамон бо куртаҳои шабпӯш гирифта шуда буданд, ба онҳо нишон дода гуфт:

- Духтари шумо ба ман хиёнат кардааст, талоқашро додам!- Падарам дасти вайро дошта гуфт,- ту исбот кун, ин суратҳо исбот шуда наметавонанд!

-Ин шишаи шароб чӣ?!- Дар сурат рӯйи мизчаи бари рахти хоб як шиша шаробу ду қадаҳ меистод, ман дар ҳолати шок будам, чун дидам, ки бори дуюм падарам зорӣ кард, гуфтам:

- Додоҷон, шумо ба ман бовар мекунед?- Падарам маро ба оғӯш гирифта, бале гуфтанд, ман ба Наимҷон гуфтам,- шумо аз пайи зиндагиятон шавед.

Як сол ба худ наомадам, як соли дароз гиристаму нолидаму аз хона бадар нашудам. Сабаби боз ба зиндагӣ дил бастани ман боварии пайвандонам буд ва ман худро аз нав сохтам.

Ҳайкали нанг

Ба кори илмӣ оғоз кардаму то баландтарин унвон расидам, дар як идораи бонуфуз маро сарвар интихоб карданд. Ҳам кор мекардам, ҳам дӯзандагӣ, ҳам дарси иловагӣ медодам, бо меҳнати ҳалол ва ёрии пайвандонам соҳиби як хона не, ду хона шудам, мошин гирифтам.

Духтарам дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо мехонад, ман ҳеҷ гоҳ дар бораи падараш ба ӯ ҳарфи бад нагуфтаам, танҳо ҳақиқати ҳолро гуфтам. Баъди тӯҳмати гӯшношуниди Наимҷон, ки дар он Райҳону хоҳараш даст доштанд, хусуру хушдоманам даҳ бор ба дари хонаамон омаданд.

Аммо ман ба ягон нафар аз пайвандони марде, ки ман барои ӯ ҷонамро фидо мекардаму ӯ барои тӯҳмати як фоҳиша маро бадному сияҳном кард, муносибат дошта натавонистам.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД