Arzon march 2024
Сияҳном (қисми 3)
2061

Давомаш ... Аввалашро дар саҳифаи Қиссаи шаб хонед.

Хусурам наскпиёбаи пухтаамро хӯрда гуфт:

- Барака ёбӣ духтарам, беҳуда нагуфтаанд, ки мардуми Самарқанд таббохи беҳамтоянд. Бе гӯшт хеле хӯроки болаззат пӯхтӣ,- ман ҳам “раҳмат дадаҷон” гуфтаму ҷомаву саллашонро овардаму кафшҳояшнро пеши по мондам, он кас ба масҷид рафтанд.

Авсунам абрӯвони усмакашидаашро қаҷу килеб карда, ба хушдоманам гуфт, ки амакам одамони пулёбро дӯст медоранд, набошад ҳамин наскпиёба чизе ҳаст, ки таърифаш кунӣ?! Хушдоманам бо зарда гуфт:

- Амакат рост мегӯяд ва то ҳол ба пули касе мӯҳтоҷ нест, пули меҳнати худашро хӯрда гаштааст! Ту бахилиро як тараф монда, аз паси корат шав, ҳамин ғариби бечора ба ту кор надорад, ту аз заҳр задан намондӣ!

 

Мор дар остин

 

Авсунам акнун рӯирост душманӣ мекард, маро дӯст надоштанаш аён буд, аммо ман ба ӯ аҳмият намедодам, зеро бекор набудам. Дар қадам кӯдак заду меҳрубонии хушдоманам ба ман зиёд шуд, ин ҳама авсунамро девона мекард ва бо овози баланд “мо назоидем, Рустами достон мезояд” гӯён, заҳр мезад.

Хушдоманам дид, ки намешавад ва хомӯшии ман ҳам аз ақиб шояд тӯфон дошта бошад, бо хусурам маслиҳат карду пулу молашонро ҷамъ карда, дар пойтахт барои мо хонаи сеҳуҷрагӣ хариданд.

Онҳо мехостанд Гулрӯву Саид фарзандони хурдияшонро ба донишгоҳ дохил кунанд ва доштани хонаи худӣ дар пойтахт хуб буд. Хусурам каме қарздор шуд ва хост замини дар гӯшаи дигари қишлоқ доштаашро фурӯхта, қарзи бонкро диҳанд, аммо падару бародарони ман “наход заминро фурӯшед” гӯён, қарзи онҳоро канданд. Хусурам дасти падарамро гирифта гуфт:

- Қудо як қисми пули хона пули духтаратон буд, ин пули додаатон қарз, ман бармегардонам!- Ин муносибатҳо Райҳон-авсунамро девона мекарданд.

Наимҷон бо волидонаш маслиҳат карда, назди писари амакаш, ки дар Русия кори хуб дошт, рафт то қарзи падарамро диҳанд. Падарам ӯро зорӣ кард, ки наравад, аммо ӯ аз раҳаш нагашт. Чун давраи таваллудам фаро расид, хушдоманам маро ба хонаи волидонам овард, духтаракамро сиҳату саломат дар рӯйи дастони апаам ба дунё овардам, хусуру хушдоманам барои табрик омаданду ду-се рӯз бо мо буданд.

Баъди се моҳ ман Дилрозакамро бо гаҳвораю тақу туқи зиёд гирифта, ба деҳа рафтам, дар хонаи харидаамон иҷоранишин монда будем ва пули онро низ ҷамъ мекардем то қарзҳоямонро адо кунем.

Неши ақраб

Гаҳворабандонамон хеле зебо гузашт, модарам барои ҳама хешу табор тӯҳфаҳо гирифта буд, ҳатто барои ду кӯдаки Райҳон.

Ман медидам, ки Райҳон бадтар бераҳм шудааст. Ӯ духтаракамро низ бо назари бад нигоҳ мекард, агар дар назди шавҳараш як коса хӯрок монам, рашк мекарду ҳамеша мисол меовард, ки дар фалон қишлоқ зани додар бо бародари шавҳараш мегаштааст.

Ман медонистам, ки ҳамаи ин гапҳо неше бар ҷони ман ва дурӯғанд, хушдоманам бошад, “бас куне, момаи хабарҳо” гӯён, даҳонашро мебаст. Дар танҳоӣ ин зани аз дасти духтари бародараш ба дод омада мегуфт:

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД