Ман дар шаҳр дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадаам. Намегӯям, ки зиндагии шоҳонае доштем, вале ҳаётамон шоиста ва ибратомӯз буд.
Падару модарам ду писар ва ду духтарро бо нони ҳалоли муаллимӣ ба воя расонидаанд. Мо ҳар чорамон мактабро бо медали тилло хатм кардаем, дар мактабу маҳалла моро оилаи медалистҳо мегуфтанд. Дар хонаи панҷҳуҷрагӣ дар яке аз ноҳияҳои сернуфузи шаҳри пойтахт зиндагӣ мекардем.
Модарам аз Самарқанд ва падарам бошад, аз бухороиёни муқими пойтахт будаанд, ки ин ҷо хешу табори бисёр ҳам надоштанд. Аз ин рӯ, онҳо бо шогирдону ҳамкоронашон муносибатҳои ҳасана доштанду хешу табори мо ҳамонҳо буданд. Ин амали волидайн ба мо низ асар карда буду мо аз ҳисоби ҳамсинфон, баъд ҳамкурсон дӯстони зиёде доштем.
Бародари калониям дар риштаи ҳуқуқ ахсил карда, соҳибдиплом шуду оиладораш кардем, дуввумӣ низ аз пайи ӯ рафт. Чун ду бародарамро хонадор кардем, падару модарам ёфту тофташонро сарф карда, барои калонӣ хона хариданд.
Апаам Донишгоҳи тиббиро хатм намуду як хеши дури падарам ӯро келин кард. Даҳ сол баъд аз апаам ба дунё омада будаму ҳамроҳи оилаи акааму падару модарам зиндагӣ мекардам. Забони хориҷиро хуш доштаму аъло таҳсил мекардам, чун мактабро хатм кардам, пушти касби падару модарам рафтам. Мехостам, муаллима шавам ва ба донишгоҳ бо дониши худам ва бо баҳои аъло дохил шудам.
Ҳамакора
Ростӣ, ман умуман ба ишқу ошиқӣ вақт надоштам, маро танҳо духтароне мефаҳманд, ки худро ба хондан бахшидаанд. Шабу рӯз мехондам, ба дониш майл доштанҳои ман баъзан мавриди мазоҳу масхараи ҳамсинфонам ҳам қарор мегирифт.
Духтари қоматбаланди зебое будам, мӯям заминро мерӯфт, дар дили кишвар зиндагӣ кунам ҳам, ҳеҷ гоҳ аз пайи мӯд намерафтам. Либосҳои кӯҳнаи апаамро мепӯшидам, модарам ғайри муаллимӣ ҳунари хуби дӯзандагӣ низ доштанду вақтҳои холигӣ аз он кас нозукиҳои дӯзандагиро меомӯхтам.
Дар синфи 11 мехондам, ки аллакай кӯрпаю кӯрпачаю болишт, попур задан, гулдӯзии дастиро метавонистам. Барои худам костюму куртаҳои тангшудаву намепушидаи янгаҳову апаам, ҳатто модарамро «рестовратсия» карда мепӯшидам.
Пуле, ки акаҳову падару модарам ё баъзан янгаҳояму язнаам бароям медоданд, ки ба худат ягон чӣ харида пӯш, ҷамъ мекардам. Пайвандонам маро бо шӯхӣ хазинадори Амир Олимхон мегуфтанд.
Баъде, ки донишҷӯ шудам, аз он пулҳо бароям костюми зебо ва чанд намуд ороишоти тиллоӣ ва нуқрагин харидам. Дар донишгоҳ зебо мепӯшидам ва аз либосҳои навкардаам ҳам истифода мебурдам, ба бисёриҳо тарзи хоси либоспӯшии ман маъқул буд ва аксарият ба ман бо ин кор муроҷиат мекарданд.
Ман ҳам мехондам, ҳам пул кор мекардам, ҳатто бархе аз устоданамон, ки хеле бонувони мудпӯш буданд, ба ман муроҷиат мекарданд, хулоса худам барои худам ҳар чӣ мехостам мехаридам.
Ҳар ду келинамон мехостанд маро барои додарҳояшон келин кунанд, аммо волидонам зиди ба қавле «қарчиқудо» буданду розӣ намешуданд. Зиндагӣ дар маҷрои худаш равон буду ман худамро хушбахттарин духтари дунё меҳисобидам.
Давом дорад ...