Arzon march 2024
Ситораҳо дар сари деги наврӯзӣ
21.03.2022
Оила
2900

Нуқра Раҳматова сирри суманаки
Бадахшониро мекушояд?
Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, қадами сабзаш ба зиндагии мо файзу баракат меорад. Сокинони ҳар як минтақаи Тоҷикистон анъана ва таомҳои наврӯзии худро доранд. Суҳбати мо бо яке аз бонувони зебову ҳунарманд ва машҳури тоҷик Нуқра Рахматова дар боби суманаки Бадахшонист.
Нуқра Раҳматова асрори суманаки бадахшониро мекушояд

-Апаи Нуқра, шогун баҳор муборак!
-Ба шумо ҳам шогун муборак бошад.
-Албатта ҳар як минтақа оинҳои наврӯзии худро дорад, вале ман мехостам днам, ки дар бадахшон ҳам суманак мепазанд?
-Албатта мепазанд! Магар Наврӯзро бе мусанак ҷашн гирифта
-Тарзи пухтани суманаки бадахширо ба мо нақл намекунед?
-Бо ҷону дил мегӯям! Суманак аз қадимтарин таомҳои наврӯзии мардуми Бадахшон аст. Барои пухтани ин хӯроки серғизо гандум, орд ва об лозим аст. Гандумро як шабонарӯз дар об тар мекунанд, баъд обашро рехта, худи гандумро дар латта печонда ба ҷои гарм мегузоранд. Баъди ду рӯз гандумҳои нешзадаро дар лаълӣ паҳн карда рӯяшро бо дока мепӯшанд ва ҳар рӯз ба он кам-кам об мепошанд. Вақте ки гандум реша давонда сабз шуд, аз он суманак пухтан мумкин аст. Сабзаи гандум аз ҳад зиёд баланд нашавад, чунки дарози бад шавад, суманак талхмаза мешавад. Сабзаи суманакро дар уғурча кӯбед, ширааш мебарояд.
-Суманакро дар дег мепазанд ё дар дегдон?
-Барои пухтани суманак деги калон лозим аст. Оташи деги суманакро бояд духтар ё зане, ки гунаҳои суп-сурхи лолагун дорад, даргиронад. Ба дег аввал каме равған, сипас, оби гандумро рехта ба он ордро илова карда, кофта меистанд, то кулӯла нашавад. Ба деги суманак 7 дона чормағз андохтан лозим аст. Пухтани суманак кори бисёр мушкил ва заҳматталаб аст, чунки дар давоми як шабонарӯз мепазад. Одатан чанд зан дар як хона ҷамъ шуда, суманак мепазанд ва то пухтани ин ғизои баҳорӣ дар сари дег рақсу бозӣ карда, таронаҳои баҳорӣ мехонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД