Дар шаҳри Стабияи Италия системаи обтаъминкунии Рими Қадим ёфт шуд. Ин система аз резервуар бо каналҳое, ки барои додани об ба ҳуҷраҳои қасрҳо ба дарун ва берун мебарояд, иборат аст.
Ба қатори Помпей ва Геркуланум Стабия низ ҳангоми хурӯҷи вулқони Везувий соли 79-и милод зери хокистар монда буд. Бозёфтҳои системаи обёрии мазкур аз соҳаи рушдкардаи технологӣ ва муҳандисии Рими қадим маълумот медиҳад.
Маълум мешавад, ки дар ҳамон даври қадим римиҳо қасру саройҳои худро бо қубурҳои оби гарму хунук таъмин мекардаанд. Аҷоибаш онест, ки ин қубурҳои зери хокистари вулқонӣ хуб боқӣ монда, имкони омӯзишу пажуҳишро оид ба сохти ҳандасавиву меъмории ин давраро медиҳад.