new banner new years
Сирри пирӯзиҳои Фирӯза
1427


Дар озмунҳои мухталифе, ки солиёни охир баргузориашон ба ҳукми анъана даромадааст, қатори дигар сокинони ҷумҳурӣ зодагони шаҳри бостонии Истаравшан низ фаъолона ширкат варзида, аксаран ҷойҳои намоёнро сазовор мешаванд, ки ин албатта муваффақияти бузург аст.

Ин навбат мо дар бораи духтараки фаъоле қисса мекунем, ки дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" сазовори ҷойи дуввум гашт.
Орзуе, ки амалӣ шуд!

Фирӯза Дӯстмаматоваи 15-сола сокини деҳаи Қадамҷои шаҳри Истаравшан мебошад. Ин духтараки доною зирак чанде пеш дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" аз рӯйи номинаи "математика" сазовори ҷойи дуввум гашт.

Фирӯза хонандаи синфи 9-и МТМУ №53-и шаҳри Истаравшан мебошад. Мавсуф аз хурдӣ ба фанҳои дақиқ, хоса математика муҳаббати зиёд дошт. Бо вуҷуди он ки дар мактаб фанҳои математика, алгебра ва геометрияро аз худ менамуд, Фирӯза боз дар маҳфилҳо ва дарсҳои иловагӣ низ иштирок мекард.

"Фанни математикаро хеле дӯст медорам. Барои он ки ҳар чӣ бештар аз ин фан дониш андӯзам, дар як ҳафта то чор маротиба ба дарсҳои иловагӣ меравам. Дар Гимназияи №1 ба мо омӯзгори варзида Ноил Набиев аз фанни математика дарси иловагӣ медиҳанд. Сабақҳои ин устоди ҳамадон барои васеъ шудани сатҳи дониши мо мусоидат мекунад,"- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Фирӯза Дӯстмаматова ҳамзамон дар маҳфилҳои маркази “Дарёфт” ва “Рушди Истеъдодҳои шаҳри Истаравшан” иштирок мекунад. Ӯ мегӯяд аз замоне, ки дар кишварамон озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" эълон шуд, орзу дошт, ки дар он ширкат варзида, сазовори ҷойи намоён гардад. Ниҳоят орзуи деринаи қаҳрамони мо ҷомаи амалӣ пӯшид.

Озмун ба мо илм бахшид
Фирӯза Дӯстмаматова бар он назар аст, ки баргузор гардидани чунин озмунҳо насли ҷавонро дилгарм намуда, барои соҳиби илму маърифат шудани ҷомеа мусоидат менамояд. Ба қавли ӯ чунин озмунҳо боиси рушди тафаккури инсонҳо мегарданд.

"Албатта озмуне, ки дар он рақобати илмӣ сурат мегирад, ба кас илму дониш мебахшад, зеро ҳар нафар барои ғолиб омадан ҳарчӣ бештар дар ҷустуҷӯи илм шуда, мехоҳад аз дигарон дида, бисёртар омӯзад. Ғайр аз ин, то баргузор гардидани озмун бо ҳамсолон ва дигар иштирокчиён саволу ҷавоб карда, мо аз ҳамдигар чизҳои намедонистаамонро меомӯзем,"-иброз дошт Фирӯза Дӯстмаматова.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд боз як хубии озмун дар он аст, ки иштирокчиён аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳам омада, дӯстӣ пайдо мекунанд ва ин ба устувору қавитар гаштани ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.
Дастовардҳои Фирӯза

"Илм фурӯғи маърифат" аввалин озмуни ҷумҳуриявиест, ки имсол Фирӯза Дӯстмаматова дар он ғолибият ба даст овард. Мавсуф пеш аз ин дар даври шаҳриву вилоятии озмуни мазкур ва олимпиадаҳои фаннӣ (математика) сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

"Ҳанӯз соли 2021 дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ (синфҳои 5-6) аз фанни математика сазовори ҷойи сеюм гаштам. Пасон соли 2022 дар ҳамин Олимпиада ширкат варзида, соҳиби ҷойи дуюм гаштам. Қабл аз ин дар озмунҳои "Луғатдони беҳтарин", "Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ" соҳиби ҷойи аввал гашта будам. Пештар дар олимпиадаи байналмиллалии "Кенгуру", ки аз фанни математика баргузор шуда буд, сазовори ҷойи сеюм гашта будам. Шукри тинҷиву оромӣ. Имсол дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" ҷойи дуввум насибам гашт,"-мегӯяд ин духтараки боистеъдод.

Фирӯза Дӯстмаматова бо дипломи ҷойи дуюми Озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" аз рӯйи наминатсияи математика ва бо маблағи 25000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Мавсуф ҳамзамон аз ҷониби мақомот ва раёсати маорифи шаҳру вилоят борҳо бо сипоснома, ифтихорнома ва мукофотҳои пуливу молӣ сазовор гаштааст.

Чун қаҳрамони мо дар ин самт аллакай муваффақ гардидааст дар оянда мехоҳад омӯзгори фанни математика шуда, дар рушди илмҳои дақиқ дар кишварамон ва тарбияи насли наврас саҳм гузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД