new banner new years
Сири дугонаамро ба падари фарзандаш гӯям?
23.04.2023
ОИЛА
1799


Зиндагии инсон мисли кино будааст. Ман дугонаи ҷоние дорам, ки 16 сол қабл аз шавҳараш ҷудо шуда, ба хонаи падару модараш омада буд.

Он замон дар бораи думоҳа ҳомиладор буданаш ғайри модараш ва ман, ки дӯсти ҷониаш ҳастам, касе намедонист. Падари бадҷаҳли дугонаам сабр накарда, духтарашро хеле зуд ба шавҳар дод. Ин навбат шавҳараш хеле одами хубу худотарс баромад.

Писари таваллудкардаи ӯро мисли писари худаш калон кард. Бо амри тақдир собиқ шавҳари дугонаам ду бор пайи ҳам зан гирифту соҳиби фарзанд нашуд. Инак, ин писарбача 15- сола шудааст ва ба падари аслиаш сахт монанд аст, вале то имрӯз шавҳари собиқи дугонаам аз писар доштанаш хабар надорад.

Ӯ намедонад, ки ин писар фарзанди ӯст. Айни замон модари дугонаам бемор аст. Пеш аз маргаш духтарашро зорӣ дорад, ки дар бораи писар доштанаш ба собиқ шавҳараш хабар диҳад, аммо дугонаам розӣ нест.

Ман, ки ин сирро медонам, виҷдонам азоб дода истодааст. Хонандаи азиз, агар ман ба собиқ шавҳари дугонаам писар доштанашро хабар диҳам, магар бад аст?
М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Яна Мурзаева 2023-04-23, 16:22
Не суй нос в чужие дела. Настоящая оригинальная таджичка, сплетница, вредная и предательница!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Яна Мурзаева 2023-04-23, 16:22
Не суй нос в чужие дела. Настоящая оригинальная таджичка, сплетница, вредная и предательница!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД