Дар Ҷопон соли 1998 синни нафақа аз 55 ба 60 сол боло бурда шуд. Ҳоло аҳолии ин кишвар, ки дар дунё солхӯрдатарин шумурда мешавад, дар 62,7-солагӣ ба нафақа мераванд.
Дар Ҳиндустон синни нафақа ба 60 баробар аст. Дар Русия бошад, он барои занҳо ва мардҳо мутаносибан 58 ва 63-ро ташкил медиҳад. Дар Сенегал, Мозамбик ва Мадагаскар низ чунин меъёр муқаррар шудааст. Дар Чин он ба ҳисоби миёна ба 56 сол баробар мебошад.
Шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Араб метавонанд дар 49-солагӣ ба нафақа бароянд. Аммо хориҷиёне, ки дар қаламрави мамлакат фаъолият доранд, бояд то 60-солагӣ кор кунанд.
Аз ҳама дер дар Норвегия ба нафақа мераванд: 76,7-солагӣ. Исландия дар ҷойи дуюм ҷойгир аст - 76. Пас аз он Португалия меояд - 66,25. Сокинони ИМА, Италия, Дания ва Ирландия расман дар 66-солагӣ ба нафақа мебароянд. Дар Австралия синни нафақа аз 65-солагист.