goodwell
Синдаров ва Гукеш бозии дуюми қаҳрамонии ҷаҳонро низ мусовӣ карданд
49

Синдаров ва Гукеш бозии дуюми қаҳрамонии ҷаҳонро низ мусовӣ карданд

Шоҳмотбози ӯзбек Жавохир Синдаров ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Доммараҷу Гукеш бозии дуюми рақобат барои унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар шаҳри Женева бо натиҷаи мусовӣ анҷом доданд.

Дар ин бозӣ, ки бо муҳраҳои сафед Гукеш оғоз карда буд, ҳарифон ҳамагӣ 20 ҳаракат анҷом доданд. Мусобиқа тақрибан 2 соату 20 дақиқа идома ёфт. Ҳамин тавр, пас аз ду бозӣ ҳисоби умумӣ 1:1 мебошад.

Гукеш дар ин дидор низоми Лондонро интихоб кард, аммо Синдаров тавонист нақшаи ҳарифро безарар гардонида, мавқеъро баробар созад. Дар идома ҳар ду шоҳмотбоз ба хулоса омаданд, ки имкони воқеии ба даст овардани пирӯзӣ вуҷуд надорад ва ба мусовӣ розӣ шуданд.

Бозии сеюми рақобат имрӯз, 26-уми ноябр, соати 19:00 бо вақти Душанбе баргузор мешавад. Дар ин дидор Синдаров бо муҳраҳои сафед бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали рақобат низ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД