Formula novemver 2024
ШУКРОНАИ 7-СОЛАРО КӢ КУШТ?
3832

Замоне тамоми ҷавонмардон ошиқи асп буданд ва мардоне, ки савори саманди тездав ҷавлон мезаданд, марди мардон шумурда мешуданд, аммо...

Замона дигар гашту мо низ дигаргун гаштем. Имрӯз аксари намояндагони ҷинси зариф ва ҳатто идае аз хонумҳо низ дилбохтаи мошин ҳастанд. Ба хотири соҳиби мошин шудан одамон ба чи корҳое, ки даст намезананд-Русия мардикорӣ мераванд, тиҷорат мекунанд, ҳатто аз бонк бо фоизи баланд пул қарз гирифта, мошин мехаранд.

Албатта мошин як хизматгори бе миннат буда, соҳибашро ҳамеша ба манзили мурод мерасонад, ба шарте, ки бо он эҳтиёткорона муносибат намояд. Дар сурати беэҳтиётӣ ин “дӯсти оҳанӣ” метавонад натанҳо ба сари соҳибаш, балки ба сари одамони бегуноҳ низ мусибату бадбахтиҳои зиёде оварад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаҳои нохуше мебошанд, ки ҳамарӯза дар роҳҳои кишварамон ба вуқуъ пайваста, боиси ҷароҳат бардоштан ва ҳатто ба ҳалокат расидани одамони бегуноҳ мегарданд...

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани боз чанд садамаи нақлиётии марговар дар кишвар хабар додааст. Холмирзоев Хомидҷон Баротович, соли таваллудаш 1993, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҳангоми ҳаракат ба самти деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, духтари хурдсолеро бо мошинаш зер кардааст. Дар натиҷа Шукронаи ҳафтсола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар зери чархи мошин ҷон ба ҷонофарин супурд.

Худи ҳамон рӯз боз як садамаи нақлиётии марговар дар хиёбони Шерозии шаҳри Душанбе ба амал омад. Сокини шаҳри Хоруғ Диловаров Шероз, соли таваллудаш 1954, ҳангоми ҳаракат дар ин хиёбон аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромад ва Опел ба “Хундай-Старекс” бархӯрд. Алишер Давлатов, ронандаи “Старекс” ҷон ба саломат бурда бошад ҳам, ин садамаи маргбор ҷони ронандаи 66-солаи Опелро Шероз диловаровро рабуд.

Садамаи сеюми марговар дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ронандаи мошини боркаши “ГАЗ-53” Наимов Мусулмон Сафаровичи 31-сола бо зиндагӣ абадан хайрбод гуфт.
Бори дигар аз тамоми ронандагони нақлиёт хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД