new banner new years
Шукр кунӣ Худованд ба зиндагиат баракат медиҳад
18.06.2023
Дилошӯб
928

 

Меҳмони навбатии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” ќаҳрамонмодар аз деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ, Ҳоҷибибӣ Исматова Давлатбӣ мебошанд.

Модари азиз 83 сол дошта, 14 фарзанд ба дунё овардаанд, ки ин замон дувоздаҳ нафарашон дар ќайди ҳаёт буда, ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ ва зиндагии осоишта ҳастанд. Холаи Давлатбӣ дар ҳалќаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд. Саволи мо ба модари азиз чунин буд:

-Калиди саодати хонаводагӣ чист?

-Расули Акрам дуруд бар равони покашон, дар ҳадисҳои мубораки хеш мефармоянд, ки «Собир (босабр) оќибат ба муроди хеш мерасад» ва «Худо бо шокирон (шукргузорон) аст». Яъне, аз ин гуфтаҳо хулоса кардан лозим аст, ки калиди саодати хонаводагӣ ва хушбахтии инсонӣ сабр ва шукр мебошад. Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёд дорад, танҳо инсони Худотарсу тарбияи хуб дидагӣ ба ин пасту баландиҳо ва монеҳои дар роҳи умр пайдо мешуда бо чашми аќл менигарад. Ноумед намешавад, пеш меравад, кӯшиш мекунад, ки камбудии кардааш ва сабаби пайдо шудани ҳамин монеаро таҳлил карда, аз пайи ислоҳаш шавад. Агар ноумед шудӣ, гапи хонаро ба кӯча баровардӣ, пеши падару модар аз зиндагият шикоят кардӣ, он гаҳ гирди номат ҳарф мезананду ба девори баланди бахти хонаводагият рахна пайдо мешавад. Ба як пешравии кӯчак, ба як ҳадяи арзонбаҳо ба як меҳрубониву табассум шукр, ки кардӣ, Худо аз он зиёдтар медиҳад. Сабру таҳаммул ва шукр аз хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки дар натиҷаи тарбияи хуб пайдо мешаванд. Фарзандон, хоҳ писару хоҳ духтарро хуб тарбия кардан лозим, ба онҳо ҳушдор бояд дод, ки дар зиндагӣ ҳар кор шуданаш мумкин, аз ин рӯ сабр бояд кард. Пештар дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ, ду се оилаи бародарон дар як ҳавлӣ солҳо зиндагӣ мекарданд. Авсунҳо ба ҳам мисли апаву хоҳар меҳрубон буданд, имрӯзҳо шоҳиди он мешавем, ки арӯсакони нав шарму ҳаёро як сӯ монда, талаби хонаи ҷудо мекунанд. Ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳам аз ҳамин бесабриву ношукрӣ ба миён меояд. Хизмати хусуру хушдоманро карда, дуои онҳоро гирифтан ин як давлати калон аст. Дар зиндагии ҳаррӯза мебинем, ки маҳз духтарони он модароне харидори бисёр доранд, ки хизмати хусуру хушдоманро карда, бо сабру таҳаммул мебошанд.

Фарзандони азиз, агар калиди хушбахтӣ меҷӯед, пас сабру таҳаммулро пеша намоед, Худо хоҳад, зиндагии шумо бобаракат мешавад. Боќӣ, ба ҳамаи шумо хонаи ободу фарзандони солеҳ ва бахту саодатро орзу дорам.

                                                         Сӯҳбати Дилошуб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД