Formula september
Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии ИДМ дар Душанбе
488

Имрӯз, 28-уми май дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” ҷаласаи XXVIII Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони мақомоти ваколатдор ва салоҳиятдор дар соҳаи муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Россия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Маркази зиддитеррористии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касабаи он иштирок доранд.

Дар рафти чорабинӣ масъалаи вазъи муҳоҷират, тағйироти ба тозагӣ ба қонунгузории муҳоҷиратӣ воридшуда, санадҳои нави ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи реадмиссия ва дигар масъалаҳои муҳими раванди муҳоҷират мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки Шӯрои мазкур бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва паёмадҳои он барои рушди иқтисодӣ ва амнияти миллии давлатҳои иштирокчии ИДМ таъсис дода шудааст.

Шакли асосии кори Шӯро ҷаласаҳои мунтазам мебошанд, ки дар онҳо масъалаҳо ва ҳуҷҷатҳои марбут ба ду соҳаи асосии ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ карда мешаванд, инҳо: мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, инчунин иштирок дар таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД