Arzon march 2024
Шоҳбону Елизавета машруботро партофт
672

Шоҳбонуи 95-солаи Бритониёи кабир Елизавета II ба қароре омад, ки минбаъд ягон қатра машруботро ба даҳон намебарад. Барои сари чунин қарор омадани шоҳбону табибони дарбор мусоидат намуданд. Акнун шоҳбону аз мартинии дӯстдоштааш даст кашида, танҳо оби минералӣ менӯшад. Гап сари он аст, ки ба наздикӣ солгарди 70 сол қабл сари қудрат омадани шоҳбону ҷашн гирифта мешавад ва Елизавета мехоҳад дар ҷашнвора зебову солим буданашро нишон диҳад. Бояд қайд намуд, ки шоҳбону аз даргоҳи худ тунели пинҳонӣ дошт, ки тавассути он ба майкадаи шахсияш рафта, мартинии дӯстдоштаашро менӯшид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД