Ширкаду
Маҳсулоти лозима:
300 г шир, 100 г об, 214 г каду, 35 г биринҷ, 6 г равғани маска.
Тарзи таҳия:
Кадуи пӯсткардаро шуста, чоркунҷаву калон реза кунед. Ба оби ҷӯшомада биринҷи тозаву шустаро андохта, то нимпаз шуданаш ҷӯшонед. Кадуро бо шир нимпаз карда, ба он биринҷи нимпазшударо илова кунед. Ширкадуро дар оташи паст 15-20 дақиқа пухта, қабл аз истеъмол ба он равғани маска илова намоед.