Ширин Ҷӯрахонзода сарояндаи ҷавону хушсадоест, ки бо вуҷуди ба тозагӣ ба олами ҳунар ворид гардиданаш, аллакай бо таронаву клипҳои хуб доираи мухлисони худро пайдо кардааст.
Яке аз клипҳои навини нашркардааш “Бачаи сабзина”, ки бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар омода гардидааст, шаҳодат аз он медиҳад, ки Ширин дар пайроҳаи интихобнамудаи хеш қадамҳои устувор мегузорад. Имрӯз Ширин дар меҳмонии ошхонаи “Оила” қарор дорад ва мехоҳад исбот намояд, ки дар баробари сарояндагӣ боз кадбонуи хеле бомаҳорат асту зани панҷ панҷааш ҳунар.
-Ширин, ба ошхонаи “Оила” хуш омадед!
-Хеле хушҳол ҳастам, ки дар меҳмонии ин ҳафтаномаи бонуфуз қарор дорам.
Ҳоло, ки моҳи шарифи Рамазон аст, занҳои мо ба хотири шод сохтани наздикони худ тамоми ҳунару маҳораташонро ба кор бурда, таомҳои лазиз мепазанд. Шумо бештар чӣ омода мекунед?
-Рамазон моҳи пурфайзу бобарат аст. То фаро расидани ифтор хӯрокҳои серғизо мепазам, хӯриш омода мекунам, ягон ширинии сабук тайёр мекунам.
-Наздиконатон кадом хӯроки пухтаи шуморо бештар таъриф мекунанд?
-Мантуву қурутоб, хӯришҳоямро дӯст медоранд.
-Ҳамагӣ чанд намуди хӯришро омода карда метавонед?
-Шуморааш хеле зиёд аст, имрӯз интернет кори занҳоро чунон осон кардааст, ки қариб ҳар рӯз ягон хӯриши навро омода намудан мумкин аст.
-Барои мухлисон кадомашро омода менамоед?
-Яке аз хӯришҳои беҳтаринамро, ки “Генерал” ном дорад.
-Марҳамат, маҳсулоти лозима ва тарзи таҳияи онро маънидод намоед.
-Барои тайёр кардани хӯриши “Генерал” маҳсулоти зерин лозим аст:
100 г панир, 350 г гӯшти мурғ (филе), 2 сабзӣ, 2 лаблабу, 4 тухм, 2 дандона сирпиёз, майонез мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро дар об пухта, бо сирпиёзи куфташуда ва каме майонез аралаш мекунем ва ҳамчун қабати якуми хӯриш дар табақ тунук мекунем. Қабати дуюм сабзии аз турбтарош гузаронидашуда ва майонез, қабати сеюм паниру майонез, қабати чорум тухми аз турбтарош гузаронидашуда ва дар охир лаблабуи пухтаи аз турбтарош гузаронидашударо тунук мекунеду хӯришро мувофиқи табъи худ оро медиҳем.