Шири сина барои кӯдак беҳтарин ғизо маҳсуб меёбад. Шири сина на танҳо ба кӯдак ғизо медиҳад, балки онро аз таъсири манфии омилҳои беруна муҳофизат мекунад.
Чунки таркиби он дорои ҳуҷайраҳои зинда, ферментҳо, ҳормонҳо, витамину микроэлементҳои зарурӣ буда, то шаш моҳ организми кӯдакро таъмин месозад.
Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамеша таъкид мекунад, ки то шаш моҳагӣ кӯдаконро танҳо шири сина диҳед. Зеро тифлоне, ки дар шаш моҳи аввали ҳаёт аз ин маҳсулоти табии модар истифода мебаранд, камтар ба дарунравӣ, қайкунӣ, бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд. Тадқиқот нишон додааст, ки синамаконӣ ҳангоми ваксина дарди кӯдакро кам ва ӯро ором месозад.
Синамаконӣ яке аз роҳҳои самарбахш буда, ҳатто ба кӯдакони норасид ҳам муфид аст. Ҳар як қатраи шир барои тифл на танҳо ғизо, балки ҳамчун дору таъсири мусбат мерасонад.
Хоби бароҳати кӯдак
Тадқиқотҳои табибон нишон додааст, ки аз кӯдаконе, ки шири сунъӣ истеъмол мекунанд, тифлони шири сина мехӯрдаҳо дида, тезтар хоб мераванд. Зеро ҳангоми макидани сина дар организми онҳо окситасин ҳосил шуда, дар натиҷа хоби бароҳатро ба онҳо таъмин месозад.
Фоиданокии шири сина дар баробари дигар узвҳо, пеш аз ҳама ба майнаи сари кӯдак мерасад. Аз нуқтаи назари олимони соҳаи тандурустӣ кӯдаконе, ки шири модар хӯрдаанд, майнаи сарашон босуръат рушд мекунад. Қобилияти дарки онҳо низ фарқкунанда буда, сухану фармоишро ба зӯдӣ иҷро мекунанд.
Ширдиҳии пас аз шашмоҳагӣ чӣ фоида дорад?
Олимон дар натиҷаи тадқиқоти гузарондаашон муайян кардаанд, ки синамаконӣ на танҳо дар давоми шаш моҳи аввали ҳаёт фоидаовар мебошад. Балки кӯдак ҳар қадар зиёд шири сина истеъмол намояд, ҳамон қадар ба саломатиаш муфид мебошад. Ҳуҷайраҳо, микроэлементҳо ва дигар маводҳои таркиби шири модар барои баровардани дандони кӯдакон низ таъсири мусбат мерасонад. Синамаконии мунтазам оризаҳое, ки дар давраи дандонбарорӣ , кӯдакро азият медиҳад, то андозае бартараф мекунад.
Шири модар микроб надорад
Аксари модарон дар фикри он ҳастанд, ки мабодо ширашон микроб дошта бошаду ба хотири саломатии фарзандашон духтурон додани онро манъ намоянд. Вале табибони ин соҳа вуҷуд доштани микробро дар шири модар рад мекунанд. Зеро баъди таҳлилҳои озмоишӣ муайян карда шудааст, ки шири модар яке аз модаҳои табиии орагнизм аст, ки ҳарорати якхела ва орӣ аз ҳамаи микробу модаҳои нолозимӣ мебошад.
Мутахассисони соҳа бар ин назар ҳастанд, ки дар шири модар пайдо шудани микроб аз риоя нашудани гигиенаи шахсӣ мебошад. Эҳтимол аст, ки модарон дар аксар ҳолат пеш аз синамаконидан дастҳояшонро намешӯянд, ки ба ин восита манбаи беморӣ шуда метавонад.
Аз соли 2001 то имрӯз дар кишвар ҳар нимаи дуюми сол “Даҳаи синамаконӣ” баргузор мегардад. Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани ин маърака баланд бардоштани савияи дониши тиббии модарон ва ҷомеа дар хусуси манфиатнок будани шири модар ва паёмадҳои ногувори шири сунъӣ ба кӯдак мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки синамаконӣ дар тамоми тӯли ҳаёт ба модарон тавсия дода мешавад. Зеро маҳз шири модар кӯдаконро аз вартаи ҳама ҳолатҳои ногувор нигоҳ дошта, дар баробари ин ба саломатии модарон низ муфид мебошад. Табибони саратоншинос низ дар натиҷаи омӯзишҳои худ муайян карданд, ки синамаконӣ хавфи гирифторшавии бемориҳои саратониро кам мекунад.
Духтурони соҳа тавсия медиҳанд, ки тез-тез сина маконидан ба тифл ба пайдошавии шир дар зан мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мунтазам додани шири синаро қатъ накунед.