Ҷойи холии онҳоро касе пур карда наметавонад!
Ҳамасола 1- уми апрел ҳамчун рӯзи ханда таҷлил карда мешуд. Мардуми тоҷик ин рӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд, зеро дидор бо ҳаҷвнигрони машҳури кишвар ба онҳо як ҷаҳон фараҳу шодӣ бахшида, бо тамошои саҳначаҳои намакини ҳаҷвӣ каме ҳам бошад, ташвишҳои рӯзгори худро лаҳзае чанд фаромӯш мекарданд, вале имсола рӯзи ханда бе чаҳор сутуни ҳаҷви тоҷик-устод Убайдулло Раҷабов, Аловуддин Абдуллоев, Раҳмондӯсти Қурбониён, ва Қиёмиддин Чақалов рангу бӯйе надошт. Ин устодони моҳири санъат абадан моро тарк намуда, гӯиё шодиву нишотро низ ҳамраҳи худ аз ин олами бевафо бурданд.
Нахуст 6-уми марти соли 2021 ҳунарпешаи театр ва синамо, коргардон ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Раҳмондӯсти Қурбониён моро тарк кард. Ӯ 8-уми марти соли 1944 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ба дунё омада, нахустин нақши худро дар саҳна дар "Коваи оҳангар" - и Барис Кимёгаров бо маҳорати баланд бозида буд. Пасон дар филмҳои "Ситораҳои сари танӯр", "Барраси хаёлӣ", "Қош ба қош", "Братан", "Муҳаббат", "Баҳори як кӯча" "Сафари ҳавоӣ" ва дар даҳҳо филму намоишҳои театри ҳунарнамоӣ карда, бо ҳунари волои худ дар дилу дидаи тамошобинон маъво гирифт, вале афсӯс, ки умр ба ин марди ҳунар вафо накард.
Қиёмиддин Чақалов дуюмин нафаре буд аз ҳаҷвнигорони тоҷик, ки рӯзи наҳси 14 - уми апрели соли 2021 ба ҳақ пайваст. Ӯ 28-уми апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъди хатми днишкадаи санъат дар филму намоишҳои зиёд, аз ҷумла дар "Муҷассамаи ишқ", "Ашк ва шамшер", "Ҷазира", "Сароби хунин", "Садо аз тобут", "Роҳзан ва кӯзагар", "Шоҳ Исмоил", "Аллома Адҳам" ва ғайра нақшҳи мндагор офарид ва хазинаи театрӣ тоҷикро бо беҳтарин намоишҳои ҳунарӣ бою рангин гардонида буд, аммо дареғу дод, ки ин марди ҳунарро низ аждари марг аз мо рабуд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов рӯзи 1-уми июли соли 2021 ҷон ба ҷонофарин таслим намуд. Марги ин ҳунарманди мумтоз фоҷиаи бузурге буд барои миллати тоҷик.
Убайдулло Раҷаб 20-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дар чандин филмҳои синамоӣ аз ҷумла "Номзад", "Қасоси Нӯҳ-пайғамбар", "Буду набуд", "Муҷассамаи ишқ" "Фаришта" ва даҳҳо филмҳои машҳури дигар ҳунарнамоӣ кардааст. Дар намоишҳои театрӣ аз ҷумла Хор ("Антигона" - и Жан Ануй), Абулқосим ("Кафшҳои Абулқосим" - и Иван Франко), Эшон ("Вопасин арӯси амиралмӯъминин" - и Фазлиддин Муҳаммадиев), Шариф Тормоз ( "Дар чорсӯ" - и Нур Табаров) ва ғайра образҳои дилнишин офарида, дар дили мардум ҷой гирифта буд, деруғву дод, ки сайёди аҷал ба ин мради сар то по ҳунар низ раҳм накрада, ӯро аз мо рабуд.
Аловуддин Абдуллоев тақлидкори маҳбуб ва ҳунарманди саршиноси тоҷик 17 - уми феврали соли 2022 аз дунёи фонӣ ба уқбои боқӣ пайваст. Ин ҳунарманди нотакрор 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Бохтар таваллуд шуда, ҳамчун ҳаҷвнигор беназир буд. Ӯ дар филму намоишҳои зиёде бо маҳорату истеъдоди баланд нақш офаридааст. Аз ҷумла "Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» ва ғайра. Филмҳои «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва дигар офаридаҳояш аз ҳунарманди нотакрор будани Аловиддин Абдуллоев гувоҳӣ медоданд. Ин ҳунарманди маҳбуб бо намоиши телевизионии "Шӯхиҳои Аловуддин" дар дили ҳамагон ҷой гирифта буд ва ҳатто суханҳои гуфтаи ӯ то дер вирди забони мардум мегаштанд, аммо сад дареғ, ки шоҳини марг мисли уқоби бераҳм ба гулӯи ин ҳунарманди асил низ панҷаи ҷонрабои худро дарз намуда ӯро барои ҳамешагӣ аз мо рабуд.
Ҳарчанд ҷавонони зиёде имрӯз дар пайроҳаи ҳаҷв қадам ниҳодаанд, вале ба гумон аст, ки шикасти ин чаҳор сутуни устувори ҳаҷви тоҷикро мо дар даҳсолаҳои баъдӣ ҳам ҷуброн карда тавонем. Ёдатон ба хайр, ҳунармандони нотакрор ва фарзандони номбардори миллати тоҷик!
Абдуғаффор Шодиев