Яккадухтар
Шаҳрия дар оилаашон яккадухтар аст, волидонаш маъюби модарзод буданд. Модараш ланг ва падараш ношунаво буд, ин ду ҷавони бо ҳукми сарнавишт маъюб бо ҳамдигар издивоҷ намуданд. Онҳоро хешу таборашон ба якдигар шинос карданд. Зиндагии эшон ширин оғоз ёфту тавлиди Шаҳрия бошад пайвандашонро ширинтар кард.
Ба бахти ин оилаи ҷавон волидонашон онҳоро дӯст медоштанду барояшон ғамгусорӣ менамуданд. Гулдаста ланг бошад ҳам, дӯзандаи хубе буд ва мизоҷони зиёде дошт, Сафар бошад кӯҳнадӯз буд. Ба хотири зиндагии осоиштаи онҳо волидонашон дар пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ хариданду оилаи онҳоро ҷудо карданд. Зиндагияшон дар шаҳри калон хуб мерафт, онҳо дар ҳамсоягии додари Сафар, ки дар мақомоти қудратӣ кор мекард, зиндагӣ мекарданд ва аз чизе камбудӣ надоштанд. Бо гузашти солҳо Шаҳрия духтари қадраси зебое шуд, баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шуда, ба омӯзиши забони хориҷӣ камар баст. Духтарак дар дил орзуҳои зиёде дошт, мехост тарҷумон шаваду ба хориҷа сафар кунад, баъд падару модарашро бурда табобат кунад. Духтараки орзупарвар мехост бубинад, ки падари қоматбаланди зебояш мешунавад, модари ҳунармандаш бошад, хиромон роҳ меравад…
Мусибат
Падараш дӯконаке дошту кӯҳнадӯзӣ мекард, модараш чун дӯзандаи чирадаст ном бароварда буд. Бо меҳнати ҳалоли эшон онҳо духонагияшонро ба сехонагӣ иваз намуданду таъмири зебо карданд, зиндагии шоистае доштанд. Шаҳрия бо волидонаш ифтихор мекард, ҳарчанд волидонаш мехостанд, ки ӯ ғайри хондан дигар ягон кор накунад, вале духтарак дастгиру мададгори волидайн буд. Ҳанӯз синфи ҳашт мехонд, ки пероҳанҳои зебое медӯхт. Харидоронаш аз мӯйи сараш зиёд буданд, аммо волидонаш умеди дигар доштанд…
Шаҳрия дар курси саввум мехонд, ки падараш бемор шуд, саратони шуш оқибат падарашро ба домони хок кашид. Духтарак бо падараш он қадар пайванде дошт, ки бемор шуд. Аммо ба хотири гиряҳои модараш бо дарди рӯҳафтодагӣ мубориза карду ғолиб омад. Дар курси чорум ба шуъбаи ғоибона гузашт ва дар мактаби паҳлӯи хонаашон ба омӯзгорӣ пардохт. Ба кӯдакони синфҳои ибтидоӣ забони англисӣ меомӯхту онҳо хеле дӯсташ медоштанд. Дар иҳотаи тифлакон дарду ғамаш каме ҳам бошад, дур мегашт, рӯзҳо мегузаштанду мусибати ба сари ин оилаи хушбахту тинҷу осуда омада ҳам оҳиста-оҳиста дур мешуд. Хостгорон остони хонаашонро ба қавле охӯрча карда буданд, вале модараш мегуфт, ки мо бо падарат мехостем ҷавони хуберо ёфта, хонадомод кунем. Ин гуна ҷавон ҳам ёфт шуд.
Тахту бахт
Модараш як мизоҷ дошт, ки зани порсову батақво ва хеле меҳрубон буд. Тилло-хола барои модараш мисли апа буд. Боре ҳамин зан ба модараш гуфт:
-Гулдастаҷон, дар ҳамсоягиамон як ҷавон иҷора мешинад, бисёр тақдири талх дорад. Ин ҷавонро як зан, ки чор духтар дошт, дар тифлӣ аз хонаи бачаҳо гирифта, писархонд мекунад, вақте ин зан мемирад, ӯро апаҳояш аз хона меронанд. Акнун дар донишгоҳ мехонаду шабҳо кор мекунад ва иҷора мешинад, агар духтаратро ба вай диҳӣ, писарат барин хизмататро мекунад...
Давом дорад...