goodwell
Шавҳари ман дар орзуи зани дуюм аст
28.09.2026
Oila.tj
165

Салом хонандагони азиз! Ман зани шавҳардор, модари шаш фарзанд ҳастам. Солҳои зиёд мешавад, ки дар зиндагӣ ба хотири фарзандонам ба бисёр мушкилиҳо тоқат мекунам.

Шояд агар фарзанд надоштам, бисёр вақт пеш аз ин ҳама ранҷу азоб хаста шуда, роҳи дигареро интихоб мекардам. Аммо модар будан масъулияти бузург аст ва ман ҳамеша пеш аз худам дар бораи фарзандонам фикр мекунам.

Муддате пеш пай бурдам, ки шавҳарам рӯзона соатҳои зиёд дар хона намемонад. Вақте мепурсидам, ки куҷо будӣ, баҳонаҳои гуногун меовард. Дилам гувоҳӣ медод, ки ӯ аз ман чизеро пинҳон мекунад. Ниҳоят гумонам дуруст баромад. Маълум шуд, ки шавҳарам бе огоҳии ман зани дигар гирифтааст.

Вақте аз ин воқеа хабар ёфтам, хеле ранҷидам. Аммо аз ҳама бештар муносибати худи шавҳарам диламро шикаст. Ӯ на танҳо аз кори кардааш пушаймон нашуд, балки баръакс нисбат ба ман ҳавобаландона рафтор мекард. Агар аз рафтораш норозигӣ баён кунам, зуд асабонӣ мешуд ва мегуфт: «Нахоҳӣ, баромада рав, ман туро манъ накардаам, чор тарафат қибла». Баъзан суханҳои сахту дашномҳои қабеҳ ҳам мешунидам.

Ман бо шаш фарзанд ба куҷо мерафтам? Модарам солҳои пеш аз дунё гузашта буд. Падарам ҳам оилаи худро дошт ва ман намехостам ба гардани касе бор шавам. Аз ҳамин сабаб хомӯш мондам ва ҳама чизро ба хотири фарзандонам таҳаммул кардам.

Рӯзона дар замини чандгектара кор мекардам. Аз саҳар то шом меҳнат карда, баъд ба хона бармегаштаму ба нигоҳубини фарзандон машғул мешудам. Аммо шавҳарам ҳар саҳар маҳсулоти аз замин ҷамъкардаамро бо мураббо, шириниҳо ва дигар захираҳое, ки бо меҳнати худ омода карда будам, ба мошинаш бор карда, ба хонаи зани дуюмаш мебурд. Ман хомӯшона ин саҳнаҳоро тамошо мекардам ва дар дилам месӯхтам.

Баъдтар фаҳмидам, ки зани дуюмаш фарзанд надоштааст. Шояд шавҳарам бештар ба ӯ таваҷҷуҳ мекард, зеро ӯро аз бисёр ҷиҳат озодтар медид. Ман бошам, бо шаш фарзанду садҳо ташвиши хона зиндагӣ мекардам. Ҳамаи масъулияти рӯзгор бар дӯши ман буд.

Чанд сол ҳамин тавр гузашт. Баъд шавҳарам бемор шуд ва дигар натавонист зани дуюмашро мисли пештара таъмин кунад. Он зан ҳамагӣ чанд моҳ тоқат кард ва баъд шавҳари дигар кард.

Акнун шавҳарам шабу рӯз дар хона аст. Ба назар мерасад, ки хеле тағйир ёфтааст. Аммо дили ман дигар мисли пештара ором нест. Ҳар вақте мебинам, ки муддате хомӯш нишастааст ё ба телефон зиёд нигоҳ мекунад, гумон мекунам, шояд боз фикри зани дигарро дорад.

Намедонам ин тарс аз воқеияти имрӯза аст ё захми солҳои гузашта ҳанӯз шифо наёфтааст.

Ман намехоҳам зиндагиямон вайрон шавад. Барои фарзандонам ҳамеша мехоҳам падару модарашон дар як хона бошанд. Аммо мехоҳам шавҳарам қадри меҳнати маро донад, маро эҳтиром кунад ва дигар маро бо тарси гирифтани зани дигар азоб надиҳад.

ГУЛСАРА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД