sebiston july new
ШАВҲАРИ ФАРИДА МАНСУРОВА АЗ ЧӢ ДАРГУЗАШТ?
4085


Ғанихон Тӯраев, сарҳанги Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва шавҳари профессор Фарида Мансурова пас 9 рӯзи фавти ҳамсараш дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Дар ин бора наздикони пайвандони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Ғанихон Тӯраев хабари марги ҳамсарашро таҳаммул карда натавониста ба асари сактаи мағзӣ (инсулт) гирифтор гашта буд ва билохира бо ҳамин иллат ин дунёро падруд гуфт.

Ёдрас мешавем, ки Фарида Мансурова, духтари табиби маъруфи тоҷик, академик Ҳомид Мансуров буда, рӯзи 2-юми июл бар асари мубталло шудан ба бемории коронавирус аз дунё гузашта буд.
Аз сарҳанг Ғанихон Тӯраев ҳамчун як низомии ҳирфаӣ ном мебурданд. Марҳум солиёни зиёде сардори Раёсати неруҳои муҳандисии Вазорати мудофии Тоҷикистон шуда кор кардааст ва ба сифати шахси аввали ниҳоди минаёбии вазорати дифоъ аз таркишҳои зиёде пешгирӣ намудааст. Зери раҳбарии ӯ дар Душанбе ҳатто аз таркишҳое пешгирӣ шудааст, ки ҳаводиси террористӣ буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД