arzon replenishment
Шавҳари ҷавон «банкрот»-ам кард (ҚИСМИ 2)
1317

Доғи дил

Акнун ман сарватманде будам, ки аз касе вобаста нест, соҳиби хонаву дари бошукўҳ, бизнес ва мошини қиммати хориҷӣ, вале бо дидани кўдакони бародаронам дилам гум мезад, умрам ҳам ба домани чил дакка мехўрд ва ташвишам зиёд буд. Ҳавасҳои дили ташнаамро бо гирифтани туҳфаҳо ба ҷиянҳоям мешикастам, мехостам худам низ соҳиби фарзанд бошам, модару бародаронам низ ҳаминро мехостанд, вале беҳуда нагуфтаанд, ки «Ҳар чӣ Худо хост, ҳамон мешавад»…

Дар минтақаҳои гуногуни пойтахт шаш дорухона доштам ва дар онҳо асосан занҳоро ба кор мегирифтам. Рўзе як фурўшандаам гуфт:

- Апа, ман ҳамроҳи шавҳарам ба Русия меравам ва ба ҷойи ман коргар ёбед.

Ман Шаҳзодаро аз дигар коргаронам дида зиёдтар дўст медоштам, аз ин рў, гуфтамаш, ки ба ҷойи худаш коргар ёфта, баъд равад. Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугў Шаҳзода занг зада, маро барои шиносоӣ бо коргари нав даъват кард. Расо донишҷўйи соли панҷуми Донишгоҳи тиббӣ будаасту мехостааст кор ёбад. Шаҳзода ҷавонро тарафдорӣ карда, гуфт:

- Расо бо як ҷўрааш дар ҳамсоягии мо иҷора мешинанд, бачаҳои боадабу хубанд…

- О ин дарс мехонад ё кор мекунад?,- гапи Шаҳзодаро буридам ман ва ҷавон шармгинона гуфт:

- Ҳамроҳи ман як ҷавони ҳамдеҳаам ҳаст, дарсҳои ў пас аз нисфирўзӣ аст, мо дукаса кор мекунем.

Ман намедонистам чӣ ҷавоб диҳам. Ҳамин вақт ҷавон бо лабханд гуфт:

- Апаҷон, мо аз оилаҳои камбизоатем, бо дониши худамон донишҷў шудаем, як моҳ барои санҷиш розием бо нисфи маош кор кунем. Агар корамон маъқул нашуд, майлаш…

Худ ба худ гуфтам, ки агар ман соли аввали хонадоршавиям писардор мешудам, ҳоло ҳамсинни ҳамин ҷавон буд ва ҳарчи бодо бод гўён, ўро ба кор гирифтам…

Накҳати ноошно

Ман ҳар рўз субҳгоҳӣ аз дорухонаҳоям хабар мегирифтаму камбудиҳояшонро пурсида, онҳоро бо бор таъмин мекардам. Ба хотири санҷидани корманди навам санҷишро аз дорухонаи ў сар мекардам. Расо бачаи қобилу тозакору гулдаст будааст. Соати ҳафт алакай дорухонаи тозаву озода дарашро ба рўйи мардум во мекард, савдояш ҳам хуб буд. Охири моҳ маоши Расоро пурра пардохт кардам, зеро ў хуб кор мекард…

Аслан рўзҳои якшанберо барои худам истироҳат эълон карда будам, вале мошинам вайрон шуду онро ба устохонае бурдам, ки дар шафати дорухонаи Расо кор мекардагӣ буд. Ронанда гуфт, ки баъди ду соат метавонам онро гирифта барам. Каме мағозаҳои атрофро гардиш карда, ба дорухона даромадам, ба ҷойи Расо ҷавонмарди қоматбаланди сабзинаи зебое ба мизоҷе тарзи истифодабарии доруро мефаҳмонд. Ман рўйи курсии дар салони дорухона гузошта нишастаму аз рўйи мизи хурдакак журналеро гирифта, варақ задан гирифтам. Доруфурўш мизоҷашро ҷавоб дода, ба ман мутаваҷҷеҳ шуда, пурсид:

- Духтари зебо, ба шумо ягон ёрдам лозим?!

Ман худро аз ханда базӯр нигаҳ дошта, гуфтам, ки каме монда шудаам, агар мумкин бошад, ҳамин ҷо дам гирам, ҳозир меравам…

- Майлаш, майлаш,- гуфт доруфурўш ва наздам дар финҷоне чойи гарм гузошта, аз пайи кораш шуд. Ман ба гирумони ҷавон зеҳн монда, дар дилам чӣ тағйиротеро пай бурдам… Пас аз ним соат ба ҷавон рў оварда, гуфтам:

- Ман Нилгуна, соҳиби ҳамин аптека… Расо қуҷост?

Ҷавон наздам омада, ба чашмонам нигариста, гуфт:

- Ҳаа, шумо раиса? Гап дар сари он ки ману Расо маслиҳат кардем, рўзҳои якшанбе бо навбат кор мекунем, яъне як ҳафта пас истироҳат мекунем… Номи ман Юнус, ягон хизмат буд?

Ман бо Юнус хайрухуш карда, ба хона омадам, вале қомати баланд ва чашмони зебои ў аз пеши назарам намерафтанд…

НИЛГУНА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД