Arzon march 2024
ШАВҲАРДОРИ БЕШАВҲАР
10191

 

 

Духтар не, фаришта

Волидонам ба ҳамдигар меҳри беандоза доштанду зиндагии оилавиямон мисли ширу шакар ширину гуворо мегузашт. Мо, ду бародару ду хоҳарро падару модарамон бо гули чиз ба воя расониданд. Ҳаётамон, ки хуш мегузашт, чӣ тавр гузаштани вақтро ҳис намекардем. Солҳо ҳамраҳи турнаҳои баҳорӣ аз самои умри мо мегузаштанд. Бибию бобоям оламро падруд гуфтанд, бародарамро хонадор намудем, апаамро ба шавҳар додем, акнун дар хона танҳо ману додаракам монда будем. Авлоди модариам ҳамаашон одамони доро буданд. Аксар вақт ману додарам ба хонаи холаи хурдиам, ки бисёр сарватманд буд, рафта хизматашро мекардем. Холаам ду хизматгор дошта бошад ҳам, баъзе корҳоро танҳо ба ман бовар мекард. Шавҳари холаам марди сарватманд бошад ҳам, меҳрубону хушгуфтор буд. Ҳар гоҳ ба хонаи холаам равам, язнаам сарамро сила карда бо шӯхӣ мегуфтанд:

-Ҳамин Нисоро ба мо диҳанд, намешавад занак, охир апаат духтару келин дорад, мо не!

Холаам дар љавоб хандаи зебанда карда мегуфтанд:

-Пурсида намешинему медуздем!

Ман он вақт ҳатто ба гӯшаи хотирам ҳам намеовардам, ки холаам чӣ мақсад дорад.

Элак баҳонаю…

Ман ҳељ гоҳ худамро соҳибљамол ҳисоб намекардам, вале чун мактабро хатм намудам, хостгорон остонаамонро охурча карданд. Сабаби ин қадар зиёд будани талабгоронам натанҳо ҳусну малоҳати ман, балки дар маҳалаамон ҳамчун зани ҳунарманду дастурхондор ном баровардани модарам низ буд. Бисёриҳо аз рӯйи матали «очаша бину духтараша гир» амал намуда, ба хонаи мо хостгорӣ меомаданд, вале талабгоронам аз мӯйи сарам зиёд бошанд ҳам, волидонам ҳамеша ягон баҳона пеш оварда ба шавҳар додани маро ба таъхир мегузоштанд. Баъдан фаҳмидам, ки холаам кайҳо гапро бо модарам пазонда, маро ба писараш Саъдӣ келин карданӣ будааст. Шавҳари холаам тољири муваффақ бошад ҳам, бо падари миёнаҳоли ман рафиқони наздик буданд, аз ин хотир падарам ҳам ин таклифро бо ҷону дил қабул кардааст. Ростӣ, хурсанд шудам, ки ба хонаи бегона не, ба хонаи холаљонам келин шуда меравам, зеро аз меҳрубониҳои ӯ зиёд баҳра бурда будам. Холаам ҳамеша ба ман зару зевар, либосҳои қимматбаҳо ва чизи мехостаамро туҳфа мекарданд. Язнаамро низ дӯст медоштам ва шод будам, ки акнун фарзанди ин ду шахси меҳрубон мешавам, вале…

Бачаи талбидагӣ

Аслан холаи ман зани дуввуми язнаам буд, ин марди сарватманд бо духтари амакаш хонадор шуда фарзанддор намешавад ва пас аз даҳ соли зиндагии якљоя аз ҳамсари аввалааш људо шуда, холаи љавони маро ба занӣ мегирад. Аз нақлҳои модарам медонистам, ки чун холаам ҳомиладор мешавад, байни хешу таборони язнаам овозаҳои гуногун паҳн мешавад, ки гӯё духтурон нутфаи марди дигарро гирифта ба бачадони холаам гузошта бошанд ва ғайраву ҳоказо… Он вақтҳо хурд будам ва ба ин гапҳо чандон сарфаҳм намерафтам, танҳо ҳаминро медонистам, ки Саъдӣ писари талбида гирифтагии холаам аст.

Шоҳзодаи орзуҳо

Писари холаам љавони зебои қоматбаланд буда дар курси охирини донишгоҳ таҳсил мекард ва аксар вақт дар хонаи дар маркази шаҳр будаашон меистод. Бачаи босавод бошад ҳам, бисёр шармгин буд ва бо мо қариб, ки ҳамгап намешуд. Дар назари ҳама Саъдӣ бачаи боодобу хоксору бамаънӣ менамуд. Азбаски дар авлоди мо ягон духтар таҳсили илм накарда буд, ман низ ин орзуро дар дил намепарвардам ва ростӣ интизорӣ мекашидам, ки холаам кай хостгоронашро фиристода, маро шоҳбонуи қасри афсонавияш мекунад.

Қудои ҳотамдил

Саъдӣ донишгоҳро хатм карда дар яке аз ширкатҳои тиљоратии падараш ба кор даромад ва он рӯзи деринтизор низ фаро расида, холаам ба хонаи мо хостгор фиристод. Падару модарам хостгоронро бо иззату икром пешвоз гирифта хоҳишашонро пазируфтанд. Ҳамин тавр ману писари холаам номзад шудем. Пеш аз тӯй язнаам барои волидони ман туҳфа гӯён ҳавлии зебоеро харида дод ва мо ба он хонаи дуошёнаи серљиҳози зебо кӯчидем. Қиссаи ҳотамии язнаам аз забони атрофиён канда набуд, дар бораи љиҳози овардаи холааму зару зевару брилиантҳои туҳфа намудааш бошад, ҳољати гап нест.

Арӯси бачаи хола

Ман дар ҳақиқат ҳам маликаи афсонавӣ шуда ба хонаи холаам рафтам. Тамоми маросимҳои пеш аз тӯй аз қабили ордбезону чойгаштак, оши наҳор дар беҳтарин тарабхонаҳо баргузор гаштанд. Дар тӯйи арӯсиямон бошад, аксарияти ситораҳои эстрадаи тољик иштирок доштанд ва ҳатто ба баъзеяшон навбат нарасиду хафа шуда рафтанд. Маро бо тантанаю даб-даба ба хонаи бахтам гусел намуданд. Гумон доштам хушбахттарин духтари дунёям, вале беҳуда нагуфтаанд, ки ҳама сарвати олам пеши бахт ҳељ аст ва мо пеши сарнавишт бечора…

       Домоди гуреза

Холаи пурармонам хонаи ману писарашро он қадар зебо оро дода буд, ки тимсолашро танҳо дар филмҳои беҳтарини хориљӣ дидан мумкин аст. Хонаи васеи барҳаво, рахти хоби зебои ородода шуда, дар рӯйи миз дастаи бузурги гулҳои садбарг дар гулдони булӯрин, љевону курсиҳои муљалло ва дар лаълии калоне меваю шарбат, хулоса олами афсона. Саъдӣ либосҳояшро кашида ба бистар даромаду ба ман ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда хобаш бурд. Мани ҳайрону музтар бо либосҳои арӯсиям дар рӯи қолин дароз кашида хобам бурдааст. Субҳи барвақт аз хоб хеста гӯё чизе нашуда бошад, тағйири либос кардаму рӯйи ҳавлӣ баромадам. Хизматгорон барои меҳмонони дар хона монда субҳона тайёр мекарданд ва маро гардонда ба хонаам даровардану гуфтанд:

-Бону фармон доданд, ки ту ба коре даст назанӣ, даромада баҳузур дар бағали домод хоб кун!

Боз ба хона баргаштам, вале домод парвои ман надошт…

Дӯсти булаҷаб

Ба ҳамин минвол як моҳ гузашт, баъзе шабҳо Саъдӣ ними шаб хеста куҷое рафта меомад, бегоҳҳо бошад бо як рафиқаш, ки чун соя аз қафояш мегашт, ҳамроҳ буд. Ин рафиқаш Ризо ном дошту Саъдӣ бо ӯ ҳамсабақи донишгоҳӣ буд. Аз рӯйи гуфти холаам Ризо дар ятимхона ба воя расида будаасту Саъдӣ ӯро бародархонд гирифта аз падараш хоҳиш кардааст, ки ба рафиқаш ёрӣ расонад. Ризо ҳангоми донишҷӯйӣ шабу рӯз ҳамроҳи Саъдӣ буд ва баъди зан гирифтанаш низ мисли соя аз паси ӯ мегашт.

Шавҳардори бе шавҳар

Пас аз гузаштани чанд вақт холаам сардии муносибатҳои моро пай бурда, бо ману писараш дар танҳоӣ суҳбат орост. Дигар имкони пинҳон кардани асрори заношӯиямон набуд, аз ин хотир ростӣ гапро ба холаам гуфтам. Саъдӣ бо чашмони маҳзун ба ман нигариста гуфт:

-Нисо, ман дасти туро надоштаам, бо ту ҳарфе назадаам, барои он ки туро дӯст намедорам. Ман каси дигарро дӯст медорам. Пеш аз тӯй инро ба модарам гуфта будам, вале ӯ бо майли дили худаш кор кард. Беҳуда худро ранҷ надеҳ, аздусар зиндагии ману ту ширин намешавад. Метавонӣ ба хонаатон равӣ…

Холаам ин ҳарфҳои писарашро шунида гирён шуд ва пичиррос зад:

-Ту киро дӯст медорӣ? О канӣ, ҳамон духтар? Наход гул барин арӯсро дӯст намедорам гӯйӣ?

Саъдӣ теғ кашида ба модараш нигаристу «гап тамом» гӯён, аз хона баромада рафт ва бо ҳамин дигар ба хона барнагашт.

Минбаъд шавҳарам ҳамроҳи Ризо дар хонаи дар маркази шаҳр будаашон зиндагӣ мекарду ман бо холаам дар ҳавлӣ. Холаву язнаам маро ба сабру таҳаммул даъват мекарданд ва ба хотири онҳо ман ҳам тоқат мекардам, аммо баъди ду сол модарам аз воқеа огаҳӣ ёфта, бо хушию хушнудӣ маро ба хонаамон овард.

Саъдӣ бачабоз аст?

Имрӯз ман дар хонаи падарам зиндагӣ дорам, вале Саъдӣ на зани дигар мегираду на маро суроғ мекунад. Ҳоло вай ба ҳавлияшон баргаштааст, аммо бе Ризо як қадам ҳам намемонад. Ҷӯрааш аз ҳисоби ӯ соҳиби хонаи алоҳида, мошин ва ҷойи кори хуб гаштааст. Аҷибаш ин аст, ки Ризо низ зан намегирад. Ман кайҳо ба тақдирам тан додаам, аммо як андеша оромам намегузорад- наход ду марди муҷаррадро танҳо дӯстӣ ба ҳам ин қадар наздик карда бошад? Наход дӯстии онҳо он қадар мустаҳкам бошад, ки дар як хона хоб карда хезанду якҷоя ба хориҷа сафар кунад? Чаро онҳо як лаҳза ҳам бе якдигар зиста наметавонанд? Чеҳраи ба занон монанд, нозу ишваҳои Ризои занакмизоҷро ба хотир оварда, гумон мекунам, ки писархолаам ҳамҷинсбоз аст. Агар не, синнаш ба бистуҳашт расида чаро бо занон муносибат надораду аз ҷӯраи занмизоҷаш ҷудо намешавад?

                                                                         Нисо

                                                                     

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД