arzon replenishment
Шавҳарамро зан додаму...
2715

 

Ҳар нафар новобаста аз мавқеъ ва шахсияташ, хоҳ вазир асту хоҳ раис, хоҳ фаррош асту хоҳ духтуру говҷушу деҳқон метавонад, ба ВИЧ гирифтор шавад ва бо ӯ зиндагӣ кунад. Яъне ӯ бо ягон нафаре аз қишри осебпазир кор накунад ҳам, метавонад ба ин вирус олуда шавад.

Ин андешаи қаҳрамони имрӯзаи мо Нозанин (номи шартӣ) аст, ки дар бораи сироятёбиаш ба вируси норасоии масъунияти одам қиса мекунад. Вирус дар вуҷуди ӯ алакай бист сол аст, ки вуҷуд дорад ва тӯли ин муддат ба воситаи доруҳои истеъмол мекардааш барои атрофиёш бехвф аст. Зеро тибби муосир исбот кард, ки нафарони бо ин вирусзиндагикунанда, ҳатто ба наздиктарин шахс бехаф буда, онҳо метавонанд, фарзандони солим ба дунё биоваранд.

Нозанин бошад аз вирус дар баданша буда, замоне огоҳ гашт, ки соҳаи тандурустӣ то ин сатҳ муваффақ набуд. Ӯ танҳо як фикр дошт, ки ман вафот мекунам ва бояд тамоми орзуҳоямро амалӣ созам, вале тиб исбот кард, ки онҳо барои ҷомеа нафарони безарар ҳастанд.  

Кори нодуруст накардам, бероҳогард набудам...

Ман соҳиби фарзандони хуб ва шавҳари меҳрубону оилаи солим доштам, мисли ҳама одамон кор мекардам, гуфт Нозанин дар суҳбат ба мо ва идома дод:

Соли 2002 маро дар Эрон ҷарроҳӣ карданд, вале то ин вақт намедонистам, ки ба вируси норасогии масъунияти одам гирифитор шудам. Вақте ба ман гуфтанд, ки дар ту ВИЧ дорӣ, ба худ андешидам ва гуфтам, ки э Худо ВИЧ чӣ бошад, он аз куҷо пайдо мешуда бошад? Ман ягон кори нодуруст накардам, бероҳогард набудам...

Ҳамин тавр фикрҳои гуногун ва фақат маргро фикр мекардам. Вақте ба Тоҷикистон баргаштам, ба назди як дугонаам , ки духтур буд, рафтам. Ашки чашмонам хушк намешуд... Ӯ маро ба ин ҳолат дида тарсиду пурсид, ки чӣ шудаст ин қадар гиря мекунӣ? Бо азобе худро ором кардаму ҳолатамро нақл кардам, вале бо тааҷуб пурсид, ки кӣ гуфтааст, ки ту гирифтории ВИЧ ҳастӣ ва дилбардори мекард , ки ин шояд хато шуда бошад, ман туро солҳои тӯлонӣ мешиносам, чӣ хел ту гирифтори ВИЧ мешавӣ?

Вирус тасдиқ шуду шавҳарамро оиладор кардам

Аввали соли 2003. Он солҳо маркази ВНМО дар 9 км-аи шаҳри Душанбе ҷойгир буд. Ман се маротиба хун супоридам ва ҳар се дафъа ҳам таҳлиил хун мусбат баромад. Тасаввур намекунад, ки чӣ қадар ноумеду маъюс гаштам ва намедонам чӣ гуна ба хона расидаам. Ҳолати тасвирнашаванда. Тамоми дунё дар сарам тоб хурду як фикр думболагирам шуд. Ман аллакай мемирам!

Барои корҳои нотамомро анҷом додан оғоз кардам. Духтарчаамро дар 17-солагиаш шавҳар додам, то ки тӯи арӯсиашро бубинам. дар кадом вазъ қарр доштанамро аз ҳама пинҳон кардам, на фарзандам медонисту на хешу таборам ва ҳатто на модарам. Ҳамон вақт шавҳарамро фаҳмонидам, ки ман дигар фарзандор шуда наметавонам ва маслиҳат карда, ҳамон вақт оиладор кардам. Муносибати дӯстии мо ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст...

Чанд бор ба худкушӣ даст задаму

Пас аз оне ки будани вирус дар вуҷудам тасдиқашро ёфт, зиндагиамро бо дастони худам тақсим кардам. Ба ҳолатҳои ногувор, ноумедкунанда, дилсардӣ бештар рӯ ба рӯ мешудам. Маҳз бо ин сабаб чандин маротиба худкушӣ ҳам кардам, сирко нӯшидам, раги дастонамро буридам, шукр ки умрам дароз будасту зинда мондам. Ҳолати равониам хеле бад буд ва шиносон аз зиндагии ман нигарон буданд ва ба хотири худамро нобуд накарда, роҳбари вақтамон маро ба кор даъват кард ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ба зиндагӣ дилгарм шудам...

20 соли ноумедию муваффақшуданҳо

Нозанин, ки муддати 20 соле, ки бо ин вирус зиндагӣ мекунад, ҳаёташро милси филм ба хотир оварда, гоҳҳо аз таъсири номуедиҳояш чашмонашро ашқ ҳалқа кунад ҳам, вале аз он хушҳол аст, ки бо сабаби онҳо кӯдакону ҷавононе, ки дар ҷамъияти онҳо ба қайд гиирфта шуда буданд, тавинистанд фарзандони солимро ба дунё оранд.

Ӯ мувваффақиятҳои худро қисса карда мегӯяд, ки ман тамоми дунёро давр задаам, ду маротиба аъзои яке аз кумитаҳои бонуфузӣ ҷаҳонӣ будам. Аз соли 2007 то инҷониб аъзои яке аз созмонҳои байналмиллаӣ мебошам, ки намояндагони 19 мамлакати дунё дар онҷо фаъолият мекунанд, намояндаи шахсоне, ки бо вируси ВНМО зиндагӣ мекунанд, мебошам. Муддати 20 сол аст, ки дар ин самт фаъолият мекунам, 20 сол аст, ки бо одамоне, ки бо ВИЧ зиндагӣ мекунанд, кор кардам, 20 сол аст, ки дору истеъмол мекунам, 20 сол аст, ки дигаргуниҳои соҳаи тандурустиро мебинаму хушҳол мешавам. Муддати 20 сол бо дастгирии мо кӯдакони бо вирус зиндагикунанда ба воя расиданду фарзандони солим ба дуён оварданд.

Набераҳоям вақти дорухӯрданамро ёдрас мекунанд!

Мақсади ман аз ин суҳбатҳо дар он аст, ки то инсон ҳар бемореро аз вуҷуди худаш нагузаронад, дарк карда наметавонад, мегӯяд Нозанин.

Дар зиндагии ман ҳолатҳое буд, ки тасаввур карданаш хеле мушкил аст ва саволҳое пйдо мешуд, ки намедонистам, ки чӣ ҷавоб гӯям?! Масалан, ҳамсинфони духтарам мепурсиданд, ки чаро модари ту ҳамавақт дору истеъмол мекунад ва ӯ мегуфт, ки модарам климак шудааст, барои ҳамин, ё ин ки набераҳоям таъкид мекунанд, ки бибиҷон оё доруҳоятонро истеъмол кардед?

Ман ҳеҷ гоҳ худамро аз ҷомеа дур намеҳисобам, чунки фарқи ман аз дигарон дар ҳамин аст, ки дар хуни ман вирус асту халос ва нафароне, ки мисли ман ҳастанд, бояд мубориз бошанд ҳеҷ гоҳ руҳафтода нашаванду ба гуфтаи духтурон амал намоянд, то ки ҳаёти худу атрофиёнро солим нигоҳ доранд.

Агар марг ба хонадонам меҳмон шавад, розиам чунки қарзи инсонии худро назди миллатам то андозае иҷро кардаам ва сукут кард Нозанин...

Воқеан ҳам 20 сол умри як ҷавониест, ки аллакай мавқеаш дар ҷомеа назаррас аст ва қаҳрамони мо низ тавонистааст бо иродаи қавиаш кумаки худро ба кишри ҳамтақдиронаш дар сатҳи олӣ гузорад...  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД